Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
хо риҷӣ ба синфхона ворид шудам, касе аз довталабон набуд.
Аксари баччаҳо дар мактаб забони инглисӣ хонда буданд ва дар утоқи дигар имтиҳон месупурданд. Дар синфхона ду устоди имти ҳонгир – як зан ва як мард нишаста буданд. Ман билет ги рифтаму нишастам. Муаллима, ки бекор нишаста буданд, наз дам омада, пурсиданд:
– Саволҳоро фаҳмидед?
Ман саволҳоро хондаму тарҷума кардам ва устод таҳсин карданд. Росташ, он саволҳо хеле сода буд ва ҳатто барои ман, ки дар забони олмонӣ дониши зиёде надоштам, душвор набуд.
Олмониро дар ҳадди саволу ҷавоби муқаддамотӣ медонистам, чанд шеър ҳам аз рӯи китоби дарсии мактаби миёна ҳифз карда будаму то ба ҳол қисман дар ёд дорам. Вақте омада нишастаму ба саволҳои билет ҷавоб додам, чанд саволи осони дигар аз қабили «Номат чист?» «Чандсолаӣ?» ва ғайра ҳам доданд, ки ба осонӣ ҷавоб гуфтам. Он гоҳ варақаи имтиҳонҳои маро диданд, ки баҳоҳои «хуб» ва «аъло» гирифтаам. Ин устодон ҳам ба ман баҳои «панҷ» гузоштанд! Албатта, баҳоҳои баланди имтиҳонҳои қаблӣ муассир буданд. Ҳамин тавр, ман як «чор»
ва ду «панҷ» гирифта будам ва балли аттестат ё миёнгини он 4,8 буд, ки дар ҷамъ 18,8 бал мешуд. Аз байни довталабони фа кул таи филологияи тоҷик ман аввал будам. Акнун он қасде, ки доштам, бароварда шуд, ман собит кардам, ки метавонам донишҷӯ бошам. Бо ин баҳоҳо ман метавонистам ба факултаи шарқ шиносӣ ҳам дохил шавам.
Баъд аз имтиҳонҳо рӯзеро барои эъломи натиҷаҳо таъйин мекарданд ва дар ҳузури довталабону наздикони онҳо, ректор, декани факултаҳо ва дигар масъулон, натиҷаи имтиҳонот ва қабул шудану нашудани довталабонро эълон мекарданд. Довталабон ва наздикони онҳое, ки қабул нашуда буданд, метавонистанд ҳамон ҷо бо натиҷаҳо шинос шаванд ва ба саволҳояшон ҷавоб гиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё