Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ти донишгоҳ будаанд. Устод Сатторзода ба устоди имтиҳонгир гуфтанд:
– Ба як саволи дигар ҷавоб диҳад, - ман розӣ.
Аз ин радду бадал ва чун муаллим бо садои баланд эълон кард, ки баҳои ман панҷ аст, таваҷҷуҳи дигар устодон ҳам акнун ба мизи мо ҷалб шуда буд. Устод Сатторзода хоҳиш карданд, ки аз Сайидои Насафӣ шеъре бихонам. Ҳамзамон, устоде, ки дар мизи паҳлуӣ менишаст, хондани шеъре аз Бадриддин Ҳилолиро хоҳиш кард. Ҳарду ҳамзамон савол доданд. Иттифоқан, ман мухаммаси Сайидоро, ки ба ғазали Ҳилолӣ баста буд, аз ёд карда будам. Фаҳмидам, ки ин омади кор аст. Дар посух ба ҳарду са вол, ман ҳамон мухаммасро бо садои баланду бурро хондам:
Ниқоб аз рух барафкандӣ, намуди рӯи зеборо,
Зи ғайрат доғ кардӣ дар чаман гулҳои раъноро,
Ба дил дорам мани шӯридахотир ин таманноро,
«Ба чашми лутф агар бинӣ гирифторони шайдоро,
Ба мо ҳам гӯшаи чашме, ки расво кардаӣ моро!»...
Устодон фаҳмиданд, ки ман бо як тир ду нишон задам, яъне якбора ба ҳарду савол ҷавоб додам, каф заданду таҳсин гуф танд. Устод Сатторзода ба муаллими ман ишораи қаноат карданд. Устоди имтиҳонгир ҳам бо ифтихор аз он, ки ман сари ӯро хам накардам, баҳои «аъло»-ро гузошту баргаи имтиҳонро ба ман дод. Ман берун омадам ва ба ҳама ҳамсинфону дӯстоне, ки барои дастгирии ман омада буданд, бо ифтихор варақаро нишон додам! Одамони зиёде, ки мунтазири берун омадани назди конашон истода буданд, варақаи имтиҳони ману шодии маро дида, ба ҳамдигар мегуфтанд, ки «панҷ гирифтааст!» Ба ман ҳолати ҳаяҷону ифтихори аҷибе даст дода буд.
Имтиҳони охири мо аз забони хориҷӣ буд. Ман дар мактаб забони олмонӣ хонда будам. Вақте рӯзи имтиҳони забони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё