Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бо ифтихор хонаи мо дар хиёбони Айнӣ, ё кӯчаи Лоиқ Шералӣ гуфта, нишонӣ медиҳанд.
Он замон Душанбе як шаҳри музофотӣ дар Иттиҳоди шӯра вӣ буд. Қисмати хурди марказӣ ва шимолу ғарбии он бо би ноҳои панҷ ва аҳёнан нӯҳошёна ба шаҳр монанд бошанд ҳам, қисмати азими шаҳр аз ҷиҳати меъморӣ бештар як деҳаи бузургро мемонд.
Баъдан дар замони истиқлол касб кардани кишвар русза бонҳо шаҳрро тарк карданд ва ба ҷои онҳо деҳотиён шаҳрро пур кар данд, ки аз ҷиҳати одобу ахлоқ низ Душанбе як деҳаи комил гашт. Ман мушоҳидаҳои худро дар бораи одоби шаҳрнишинӣ дар як ёддошти мухтасар навишта будам, ки дар поён меорам.
Давлати Шӯравӣ батадриҷ маҳалҳои нави маскунӣ месохт ва онҳоро бо рақам номгузорӣ мекард. Мисли ин ки аз аввал нақшаи сохтмони шаҳр дар харита ба қитъаҳо ҷудо шуда рақамгузорӣ шуда будааст, ки масъулон сари худро бо номёбӣ гаранг накарда, ҳамон рақамҳоро ҳамчун номи маҳалҳо истифода мекарданд. Масалан, дар қисмати шимолу ғарбии шаҳр маҳалаҳои 82, 91, 102, 103 ва ғайраро ҳамагӣ чанд сол пеш аз омадани ман ба Душанбе сохта будаанд. Ҳамдарсони донишгоҳии мо, ки муқими Душанбе буданд, нақл мекарданд, ки чанд сол қабл ин минтақаҳо ҳама пахтазор будаанд.
Соли аввали донишҷӯии ман, бинои нави Донишгоҳи давлатӣ дар лаби рӯди Душанбе ба истифода дода шуд. Мо имтиҳонҳои қабулро дар бинои кӯҳнаи донишгоҳ воқеъ дар маркази шаҳр супорида, аввалин донишҷӯёне будем, ки аз соли аввал хонданро дар ин бинои нав оғоз кардем. Дарсҳо ба фарқ аз мактаби миёна, ба таври ҷуфт мегузаштанд. Як фанро мо дар ду нишасти 45 дақиқаӣ, ки дар байн танаффуси 15 дақиқаӣ дошт, мехондем ва ҳар рӯз се-чор ҷуфт дарс доштем.
Бинои нави донишгоҳ хуштарҳу барҳаво сохта шуда буд.
Мегуфтанд, ки мувофиқи нақша баъд аз сохта шудани ҳамаи

пешина
аз 253
навбатӣ