Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
биноҳои донишгоҳ пеши рӯдхонаи Варзоб ва Лучоб, ки аз ду тарафи бинои Донишгоҳ ҷорӣ буданд, баста мешавад ва Донишгоҳ дар иҳотаи кӯли сунъӣ мемонад. Аз сабаби дар байни ду рӯд ҷойгир будани бино, номи макони донишгоҳ дар забони донишҷӯён «ҷазира» буд. Ман панҷ соли донишгоҳро дар ҳамин ҷазира хондаам.
Хобгоҳи мо дар канори ҷанубии шаҳр дар маҳалли Гипрозем, хеле дур аз донишгоҳ воқеъ буд. Намедонам, бо кадом ман тиқ донишгоҳ ва хобгоҳро дар ду қисмати мухталифи шаҳр, хеле дур аз ҳам сохта бошанд. Гӯё ин хобгоҳро махсус, ҳарчӣ дур тар аз донишгоҳ сохта буданд, то ки донишҷӯён фикр накунанд, ки хондан кори осон аст.
Хобгоҳи мо як бинои чорошёнаи фарсудае буд, ки ҳар ошё нааш як дастшӯӣ ва як ошхонаи умумӣ ва тақрибан 20 ҳуҷра дошт, ки донишҷӯён чоркасӣ дар ин ҳуҷраҳо мезистанд.
Таъ мири дару девори утоқҳо ба гардани худи донишҷӯён буд, қис матҳои истифодаи умумӣ - роҳраву зина ва дастшӯйхонаву ошпазхона солҳо рӯи таъмирро надида дар ҳоли хеле бад қарор доштанд. Вале донишҷӯёни мисли ман аз деҳот омада, чора надоштанд ва зиндагӣ дар ин хобгоҳ барояшон ягона гузина буд.
Чойхонаи «Роҳат» ҷои дӯстдоштаи мо донишҷӯён буд. Чойхона соли 1958 дар канори хиёбони марказии шаҳр бино шуда, намоди фарҳанги тоҷикист. Дар тӯли солҳо чойхонаи «Роҳат»
яке аз биноҳои рамзии шаҳри Душанбе шуд ва номи ин чойхона ҳатто барои касоне, ки аз музофоти кишвар боре ҳам ба пойтахт наомадаанд, ошност.
Фазои чойхона дар замони донишҷӯии ман як фазои воқеан роҳат буд. Бинои асосии он дар канори хиёбони марказӣ воқеъ буда, ба таври нотакрор зебо сохта шудааст. Он ду ошёнаи боз ва ҳавлии фарох дар пушт дошт, ки бо фаввораву наққошиҳои мил лии тоҷикӣ ба ҳар сайёҳе пойтахти тоҷиконро муаррифӣ ме кард. Дар пушти бино ба сабки чойхонаҳои суннатӣ ҳавлие

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё