Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шиносанд ва одоб ба хотири шарм аз нафари шинос риоя мешавад. Дар ҷавонӣ одамон истиҳола аз он мекунанд, ки калонсолон айб мекунанд, ё ба падару модар арз мекунанд ва ҳамин зеҳният ҷой уфтода, як худнигоҳдорӣ ва одоби қобили қабул муқаррар мешавад. Барои ҳамин, вақте мо ба деҳот сафар мекунем, он ҷо ҳам як одоби қобили қабулро му шоҳида мекунем, вале пай намебарем, ки унсури риояи ин одоб дар асоси дахлнопазирии ҳарими шахсӣ набуда, ба хо тири айб кардани дигарон аз корҳои нолоиқ худдорӣ карда мешавад.
Вале вақте нафаре аз деҳот ба шаҳр меояд, аз он на зорате, ки одат карда буд, халос мешавад. Ва чун дар атроф он чашмҳои шиносро намебинад, як бепарвоие эҳсос ме кунад ва фикр мекунад, ки дигар ҳар амале равост. Ин аст, ки ба духтари мардум гап мепартояд, бо садои баланд, бо лаҳни пурҳақорат гўшҳоро кар мекунад, ҳар ошғолеро ҳар ҷое хост, мепартояд ва ғайра.
Рўзе ҳамдеҳаеро дидам, ки бо лаҳни дурушт ва «ту­ ту» ба нафари аз худаш калонсол суҳбат кард. Пурсидам, «фа лонӣ, чаро ин гуна суҳбат мекунӣ?» Гуфт: «ин ҷо ҳама ҳамин тавр суҳбат мекунанд». Гуфтам, агар падарат ин амалатро бинанд чӣ? Сурх шуд ва маъзарат хост. Омода на буд зери нигоҳи шинос дар ин ҷо ҳам, ки «ҳама ҳамин тавр суҳбат мекунанд», беҳурматона суҳбат кунад.
Албатта, ҳардуи ин фарҳанг дар кул ҷоиз аст, дар ҷузъ касонеро ҳам вомехўрем, ки аз деҳот бошаду дар одоб хеле шаҳрнишин ва баръакс.
Пойтахти кишварҳо одатан ҷои ҳузури зиёиён ва рушди фарҳанги миллат мебошад. Одатан рисолати пойтахтҳо эҷоди фарҳанги воло ва паҳн кардани он дар кулли кишвар

пешина
аз 253
навбатӣ