Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба андешаи банда, мушкили имрўзаи пойтахт набуди фарҳангу маданияти шаҳрнишинӣ мебошад. Маъму лан, дар пойтахтҳо ин рафторҳои зиштро мушоҳида на ме кунем. Балки ҳамин рафторҳои зиште, ки ҳамарўза дар Душанбешаҳр шо ҳидаш мешавем, ҳатто дар шаҳрҳои хурд тар низ аҳёнан ба назар мерасанд.
Одатан, дар шаҳр ҳарими шахсии нафар пайваста ши­ каста намешавад, гўшҳо аз шунидани дашному сақат озод, чашм аз дидани ифлоскорӣ роҳат, рўйу бадани хонумон аз ни гоҳҳои лесанда канор мемонанд. Шаҳрнишинон ода тан, мувофиқи як расму одати тавофуқшудае зиндагӣ ме кунанд, ки ҳеч кас ба ҳарими шахсии дигаре дахл на мекунад.
Маданияти шаҳрнишинӣ ҳамин ҳамзистии роҳатро тақозо мекунад. Асоси ин ҳамзистиро ҳамон риояи дахлно па зирии ҳарими шахсӣ ташкил медиҳад. Яъне озодии ҳар кас дақиқан он ҷо қатъ мешавад, ки озодии нафари ди гар оғоз бишавад.
Кас, чуноне ки наметавонад каси ди гарро тела диҳад, айнан ҳамин тавр наметавонад ба самъу зеҳни каси дигар низ халал ворид кунад. Мавзеъҳои мав риди истифодаи умум аз қабили порку хиёбонҳо ва пиёдагарду ҷўйборҳо ҷузъи як хонаи умумӣ ҳисоб шуда, рафторҳои ношоям ва ифлос кардани онҳо мамнўъ мебошад. Ин қоида ба он хотир риоя мешавад, ки худи нафар низ дар навбати худ аз дигарон ин интизорро дорад, ки ҳарими шахсияш дахлнопазир бошад ва дар шаҳри тозаву озода будубоши роҳатафзо дошта бошад. Ҳамин тавр, худи ашхос дар риояи дахлнопазирии ҳарими шахсии якдигар манфиатдор буда, аз рўи худ назорат мебаранд ва як одоби ҳамзистии шаҳрнишинӣ рўи кор меояд.
Дар деҳот бошад, маданияти ҳамзистӣ таври дигар амалӣ мешавад. Одатан, дар деҳот ҳама ҳамдигарро ме­

пешина
аз 253
навбатӣ