Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мекард Мирзоро хоҳиш кунам, то бо он устод гуфтугӯ карда, ҳадди ақал ӯро барои аз нав имтиҳон супурдан розӣ кунад.
– Мирзо метавонад, ҳатман метавонад, чун онҳо ҳарду аз як ҷо ҳастанд, ҳамдигарро бояд бишносанд! - ваҷҳ меовард ӯ. Ман бо Мирзо аз замони донишҷӯӣ шиносоӣ доштам ва воқеан бо ҳам хеле дӯсти наздик будем. Аз сабаби он ки ман ба Мирзо барои худдорӣ аз корҳои номаъқул, баъзан «насиҳат» мекардам, ӯ маро шӯхиомез «роҳбари маънавӣ» меномид.
Ин Мирзо дар шаҳр бисёр маъруф буд ва аксарият ӯро мешинохтанд. Зоҳиру сураташ ҳам бисёр хотирмон буд. Қаду қомати баланд дошт ва бо риши кӯтоҳу мӯйҳои дароз мегашт, лақабаш Риш буд. Баччаи аҳли дӯстиву рафоқату улфат буд ва аз ин рӯ, рафиқу ошнои зиёд дошт. Каме шуҳрати гарданкашӣ ҳам дошт. Ман ҳам фикр кардам, ки ин кор ҳатман аз дасти Мирзо бармеояд!
Муроҷиат кардам, Мирзо гуфт:
– Намешиносамаш, хайр мерем, шинос мешем.
Мо секаса ҳамроҳи Мирзову писархолаам ба донишгоҳ раф тем. Писархолаам то пушти дари утоқи муаллим моро раҳнамоӣ карду худаш берун интизор монд. Мирзо дарро тақ-тақ заду интизори ҷавоб нашуда ворид шуд ва назди мизи муаллим рафт, ман ҳам аз пасаш. Мирзо бо як лаҳни кӯчагӣ пурсид:
– Мумкинай, малим?
Устод дар посух гуфт:
– Шумо аллакай даромадед.
Рост мегуфт, чун Мирзо дарро зада бошад ҳам, мо иҷозатро мунтазир нашуда, ворид шуда ва ба назди мизи ӯ расида будем.
Мирзо курсиро кашиду нишаст ва ба ман ҳам бо сар ишора кард: «Бишин». Мирзо худашро шинос кард:
– Малим, ма Мирзои Риш, ай Данғараам, баччаи фалонӣ.
Муаллим гуфт:

пешина
аз 253
навбатӣ