Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
– Ман ҳам аз Данғараам, вале туро нашинохтам, падаратро ҳам.
Ва пурсид:
– Чӣ хизмат?
Мирзо бо ҳамон лаҳн гуфт:
– Малим, мо барои як студентут омадем, ай имтиҳони худут мушкил доштай, барои ҳамин пешут омадем.
Зоҳиран, танҳо донишҷӯе, ки имтиҳони ин устодро насупорида буд, ҳамин писархолаи ман буд, ки муаллим билофосила пурсид:
– Барои Салоҳиддинов?
Мирзо тарафи ман нигоҳ кард, сар такон додам: «Худаш».
Муаллим дафтари ҳузури донишҷӯёнро боз карду сафҳаеро ба мо нишон дод, ки дар радифи номи писархолаам ҳарфи «н», яъне «набуд», қатор буд. Гуфт:
– Ӯ умуман ба дарсҳои ман намеомад, хеле беҳурматӣ мекард, ман ҳеч гоҳ ба ӯ баҳо намегузорам.
Мирзо дасте ба ришаш бурду гуфт:
– Малим, мо фаҳмидем, ки ӯ ягон номаъқулӣ кадай, ки ху дут иқа сахтуш гирифтаӣ, мо ҳам барои ҳамин омадем, я балош буку бачча ай институт хориҷ нашава.
Муаллим гуфт:
– Гӯш кун, ҳамин модари ман бемор шуд. Бемори вазнин.
Духтари як ҳамсояамон парастор аст. Ҳамин духтар чандин моҳ модари маро нигоҳубин ва парасторӣ карда, ба навъе, аз марг наҷот дод. Ана аз ҳамин хонавода як писар дар ҳамин до нишгоҳи мо мехонд. Дарсҳои маро аз худ карда натавонист. Ман ба ҳамин бачча баҳои «ду» мондам. Модарам аз ман илтимос кард, ки ба ҳамин бачча «ду» намонам, рӯи хотири хоҳараш, ки мо дарамро аз марг наҷот дод, ёрӣ кунам. Ман ба ҳамон бачча ёрӣ накардам, аз институт хориҷ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё