Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дигар хусумату бадбинӣ надошта бошад. Вале ба қавли маъруф, талу теппаҳои маҳалли худро аз кӯҳҳои минтақаи дигар боло гузоштан, ифрот аст ва сабаби парокандагӣ ва набуди ваҳдат дар кишвар мешавад, ки метавонад оқибатҳои пешгӯинашавандае ба бор орад.
Соли аввали донишҷӯӣ (1984) дар Душанбе шоҳиди падидаҳои аҷибе шудам. Ҳамсинфони ман Сайфуллоҳ ба шуъбаи иқтисодии Донишгоҳи давлатӣ ва Воиз ба Донишгоҳи политехникӣ дохил шуда буданд. Хобгоҳҳои ин ду Донишгоҳ дар маҳаллаи 33-уми пойтахт дар назди гузари гӯштфурӯшон дар канори ҳам ҷойгир буданд. Ин ду бино дар масофаи тақрибан сад метр аз ҳам қарор доштанд ва тирезаҳои як тарафи онҳо ба ҳам нигоҳ мекард.
Як бегоҳ баъд аз дарс ман меҳмони Сайфуллоҳ шудам. Замоне аз берун садои доду ғирев баланд шуд. Вақте аз тиреза ба берун нигоҳ кардем, дидем, ки аз тирезаҳои бинои муқобил машъ алҳои оташ ба ҳавлӣ партофта мешуд. Дуруст нигоҳ кунам, ҷавонон аз ҳарду бино рӯзномаҳоро оташ зада ба замин мепартофтанд ва ин машъалҳо ҳавлии байни биноҳоро нимрӯшан мекарданд. Ин саҳнаи аҷибе буд. Дар ҳавлии нимрӯшан ҷавонони зиёд занозанӣ мекарданд ва фазо пур аз доду фарёд буд.
Сайфуллоҳ бо норозигӣ «боз сар шуд» гуфта, сар ҷунбонд.
Ман, ки намедонистам чӣ мегузарад, аз ӯ тафсил пурсидам. Аз нақли ӯ маълум шуд, ки сари ҳар чанд вақт, ҷавонони зодаи Ба дах шон бо ҷавонони зодаи Кӯлоб дар ин ҷо ҷанг мекардаанд.
Гоҳ аз ин ва гоҳ аз он тараф ҷангхоҳҳои бо чӯбу оҳан мусаллаҳ ҳозир шуда, ба тарафи дигар дашному тавҳин мегуфтаанд ва на мояндагони тарафи дигар барои ҷавоб додан берун меомадаанд ва ба ҳам меовехтаанд.
Ман аз Сайфуллоҳ пурсидам, ки мушкили байни онҳо чист, чаро ба ҳам хусумат доранд? Ӯ ҳам, ки сабабашро намедонист, бо «онҳо девонаанд» гуфтан, хулоса кард.

пешина
аз 253
навбатӣ