Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале албатта, ин ҷавоби ӯ зеҳни кунҷкови маро қонеъ накард. Баъдан ман бо таҳпурсӣ муайян кардам, ки ин ҷавонон аксаран ҳамдигарро нашиносанд ҳам, онҳоро дар зодгоҳашон чунин таълим медодаанд. Донишҷӯёне, ки барои таътил ё баъди хатми Донишгоҳ ба зодгоҳ бармегаштаанд, ба онҳо дар бораи муҳорибаҳо ва ғалабаҳои худ аз рӯи тарафи дигар нақлҳо мекардаанд ва наврасонро дар рӯҳияи душманӣ ба тарафи дигар, «қаҳрамонӣ» ва «дифоъ аз обрӯи маҳалли худ» тарбия мекардаанд. Масалан, Варқа аз Душанбе баргашта, ба наврасони бадахшонӣ аз ҷангҳояш бо кӯлобиҳо ба ҷавонон нақл карда, дар қалби онҳо эҳсоси душманиро алайҳи кӯлобиҳо бедор мекардааст. Ё, Сайҷаъфар дар зеҳни наврасони кӯлобӣ тимсоли ғалабаи кӯлобиҳо бар бадахшониҳо шуда, онҳоро ба муҳорибаҳои беамони баъдӣ омода мегардондааст.
Вақте ин ҷавонон ба Душанбе меомадаанд, ба ҷои донишомӯзӣ, рисолати аввалини худро дар муҳофизати номуси ма ҳалли худ аз саркӯб кардани тарафи дигар медонистаанд. Ин аст, ки вақте ду нафар бо сабабе пархош кунанд, шиор медоданд ва тамоми ҷавонони маҳаллашон ба по мехестанд. Ин саҳна тақ рибан саҳнаҳои задухӯрдҳои асри сангро ба ёд меовард.
Саднафарӣ аз ду тараф мусаллаҳ бо сангу чӯб ба ҷони ҳам дармеафтоданд.
Одатан, ин муҳорибаҳо бо дахолати милиса пешгирӣ мешуд. Вале ҳатто дар ин ҳол чандин нафар ба ёрии пизишкон ниёз манд мешуданд.
Яке аз хусусиятҳои ахлоқи ҷомеа дар Душанбе ва умуман дар Шӯравии собиқ ин буд, ки шаҳрвандон бо милиса ҳамкорӣ намекарданд. Ҳамкорӣ бо милисаро ор медонистанд. Худи ин падида хеле ҷолиб аст ва баррасии махсус мехоҳад. Тибқи ин фар ҳанг, ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ бадтарин амал ҳи собида шуда, касони ба он «муттаҳам»-шударо «буз» меноми-

пешина
аз 253
навбатӣ