Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

данд. Ҷавонон «буз» шуданро ба шаъни худ ор дониста, ҳеч гоҳ ихтиёрӣ бо мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ намекарданд.
Аз ин сабаб омилҳои ин кашокашиҳо аксаран ошкорнашуда мемонданд ва пешгирии лозима низ ба таври шоён сурат намегирифт.
Баъдан, дар пурсуҷӯйҳо ба чунин натиҷа расидам, ки қариб дар тамоми маҳалҳо ҷавононро дар рӯҳияи маҳалгароӣ тарбия карда, ба Душанбе мефиристодаанд. Умуман, донишҷӯён дар донишгоҳҳо ҳам бештар дар ҳалқаи ҳамшаҳриёни худ мезистанд ва ба намояндаҳои маҳалҳои дигар бо нобоварӣ ва ҳатто бо хусумат нигоҳ мекарданд. Ин падидаи ғашовар то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳадди хонагӣ монд, вале дар аввалин фурсат меваи талхи худро дод, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва хушунатҳои онро ба бор овард.
Дар баъзе маҳалҳо дар овони баччагӣ дар қалби баччаҳо тухми нобоварӣ ва душманӣ ба маҳалли дигарро мекоштаанд, дар ҳоле, ки ман то ба Душанбе омаданам аслан аз чунин чизе хабар надоштам. Худамро на намояндаи як маҳал, балки як миллати сарбаланд меҳисобидам. Ростӣ, ба мо дар мактаб ҷуғрофияи Тоҷикистонро дарс намедоданд ва ман тасаввур ҳам надоштам, ки Тоҷикистон инчунин маҳалҳои зиёд дорад. Барои ман Тоҷикистон фақат ҳамин Панҷрӯд ва он маркази дунёву маҳалли муҳорибаҳои хаёлии ман аз «Шоҳнома»-и безавол буд.
Ҳар кас хонадони худ, деҳа, шаҳр, кишвари худро дӯст медорад ва онро тавсиф мекунад, ки ҷои тааҷҷуб надорад. Ин маҳалгароӣ нест. Бад дидани маҳалли дигар, паст ҳисобидани сокинони он, бо шубҳа ба онҳо нигаристан, эътимод накардан фақат ба хотири аз маҳалли дигар будани онҳо маҳалгароист!
Ҳар маҳал лаҳҷаву урфу одати худро дорад. Бо истеҳзо ба лаҳҷаву урфу расми маҳалли дигар муносибат кардан маҳалгароист!

пешина
аз 253
навбатӣ