Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

эҳти молан, шояд ба ҳамин далел ниёз ба сарбозон бештар шуда бошад.
Хизмати сарбозӣ барои ҷавонон дар Шӯравӣ ҳатмӣ буд.
Баччаҳоро аз ҳаждаҳсолагӣ барои ду сол ба хизмат мегирифтанд. Шояд барои мутобиқ кардан бошад, аксаран баччаҳоро барои хизмат ба шароити иқлимии мухолифи ҷои зисташон мефиристоданд. Масалан, аскарбаччаҳои Осиёи Миёнаро ба Сибир ва Шарқи Дури Русия, ки иқлимаш сард аст, мефиристоданд, баччаҳои он ҷоро бошад, ба ин минтақаҳо интиқол медоданд. Дар артиш бештар ба сарбозон сафороӣ, қадамзанӣ ва дигар корҳои ташрифотиро меомӯзонданд. Намедонам аз чи сабаб бошад, ки ҳунарҳои размӣ аз қабили каратэву самбо ва ғайра омӯзиш дода намешуданд, шояд аз он метарсиданд, ки ин баччаҳо баргашта, сафи авбошонро зиёд кунанд.
Баҳори соли 1985, вақте соли аввали таҳсилро ба поён мерасондам, ман ҳам барои сарбозӣ даъват шудам. Ман моҳи сентябри соли 1984, яъне аз оғози соли таҳсил ба Душанбе омада ва дар тӯли нӯҳ моҳи аввали донишҷӯӣ ба хонаамон нарафта ва па дару модарамро надида будам. Чунки он замон роҳи заминӣ аз тариқи ағбаи Анзоб фақат дар фаслҳои гарм боз буд ва дар зимистон рафту омад ба Панҷекат аз тариқи парвоз ва ё ба василаи қатор аз тариқи Самарқанд имконпазир буд, ки вақт ва харҷи зиёд металабид. Ман ҳамин тавр, бе дидору хайрухуш бо хонавода ба хизмати аскарӣ рафтам. Ду соли дигар ҳам бар ин фосилаи дидор бо аҳли хонавода афзуда шуд ва дар маҷмӯъ ҳудуди 3 сол хонавода ва пайвандонро надидам, фақат падар ва амакамро дидам, ки ҳикояи он хоҳад омад.
Мо наваскаронро аз фурудгоҳи кӯҳнаи Душанбе, бо парвози ҳаштсоата ба вилояти Амур дар Шарқи Дури Иттиҳоди Шӯ равӣ бурданд ва бо қатор ба қисми низомии омӯзиши ронан даҳои тонк расонданд. Ҳамаи мо 175 нафар наваскарро, ки бо як ҳавопаймои «Ту-154» аз Тоҷикистон омада будем, ба

пешина
аз 253
навбатӣ