Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ҳа мин қисми низомии омӯзишӣ оварданд, вале дар давоми як моҳи аввал аксари ин наваскарони аз Тоҷикистон омадаро ба қисмҳои дигар, махсусан ба қисмҳои сохтмонӣ ва қисмҳои ёридиҳанда фиристоданд. Мо фақат 3 нафар аз Тоҷикистон дар ин омӯзишгоҳ мондем ва ҳар рӯз аз дигар қисматҳои Шӯравӣ ба омӯзишгоҳ наваскар меоварданд, ки бештарашон баччаҳои рус, белорус ва укроин буданд. Чи тавре ки арз шуд, қисми низомие, ки моро барои омӯзиш бурданд, барои таълими ронандагони тонкҳои сабук ихтисос ёфта буд. Ба мо дар ин омӯзишгоҳ ронандагии тонк ва сохти онро ҳам меомӯзонданд. Шаш моҳ мо дар ин қисми низомӣ омӯзиш дидем ва пас аз он, ба қисмҳои ҳарбӣ барои хизмати асосӣ фиристода шудем.
Пас аз хатми омӯзиш, моро ба қисмҳои низомӣ фиристоданд, то тонкҳои ҷангиро ронандагӣ кунем. Ман ва ду русбаччаро ба вилояти Хабаровск фиристоданд. Дар он ҷо моро ба як маҷмӯае бурданд, ки барои тақсими сарбозҳо ихтисос дода шуда буд. Мо ба як салони бузург ворид шудем. Ин толори хеле калон пур аз сарбозу афсарон буд. Мисли ин ки ҳамаи сарбозони дар он толор бударо дар ихтисосҳои гуногун омӯзиши шашмоҳа дода, барои идомаи хизмат ба қисмҳои низомӣ фиристода буданд. Мо се нафар, ки ронандагии тонк хонда будем, аз қайд гузаштем ва дар гӯшае нишастем. Ин толори бузург ба як бозори пурғавғо шабоҳат дошт. Афсарони зиёд меомаданд ва аз миёни он сарбозон аскарбаччаҳои барои қисми низомияшон даркориро пайдо мекарданду сабти ном мекарданд ва мебурданд.
Замоне як капитан ворид шуду пурсид, ки ронандаҳои тонк куҷоанд? Сӯи мо нишон доданд, омад ва номҳои моро пурсид.
Чун аз ном ва зоҳири ман маълум буд, ки ман аз миллати рус нестам, ӯ ба ман таваҷҷуҳе нишон надода, он дуро гирифту бурд ва сабт кард. Ин замон боз як капитани дигар ворид шуд ва бо садои баланд пурсид, ки:
– Ронандагони тонк куҷоанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё