Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Он касе, ки сабти ном анҷом медод, сӯи ман нишон дод. Ӯ пештар омаду пурсид:
– Куҷост?
Он яке бо ишора ба ман гуфт:
– Ин аст.
Афсар бо дашномҳои қабеҳ дод зад:
– На, ман «чурка» (русҳо зодагони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ро дағалона ҳамин тур меномиданд, ки маънои аҳмақро до рад) намехоҳам, ман ронандаи тонк мехоҳам.
Гуфт:
– Ҳамин ронандаи тонк аст, 3 нафар буданд, як нафар монд.
Афсар пурсид:
– Он ду нафари дигар куҷо ҳастанд?
Гуфт:
– Ду нафари дигарро гирифтанд, - ва ба сӯи афсари қаблӣ ишора кард.
Ин афсар ба он афсаре, ки он ду танро интихоб карда буд, хитоб кард:
– Колябин, ту чаро ҳардуро бурдӣ ва ҳадди ақал якеро барои ман нагузоштӣ?
Афсаре, ки машғули сабти номи он ду тан буд, табассуми истеҳзоомезе кард ва ҷавоб надода, ба кори худ идома дод.
Вақте афсари тозарасида аз ӯ хост яке аз он ду танро барои қис ми ӯ бидиҳад ва манро ба ҷои ӯ бипазирад, афсари аввал қабул накард ва гуфт:
– Кузмин, сабти асноди инҳо анҷом шуд, ту ҳамон якеро, ки монда, бигир ва агар иддаое дорӣ, дар ҷои дигар бигӯ.
Капитан Кузмин, дар ҳоле, ки хеле асабонӣ шуда буд ва дашном медод, ба сӯи ман мисли саг аккос зад:
– Кӣ ҳастӣ?
Ман исмамро гуфтам, гуфт:
– Миллатат чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё