Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гуфтам:
– Тоҷик.
Бо асабонияту нороҳатӣ гуфт:
– Бо ман биё.
Ноилоҷ исм ва асноди маро сабт кард ва бо худаш бурд. Ӯ хеле норозӣ аз он буд, ки ба ӯ як «чурка» расид. Ман, тамоми ин муддат, бо истеҳзо муносибати ӯро дунбол мекардам. Ӯ намедонист, ки ман ронандаи хубам ё бад. Барояш миллатам муҳим буд, на қобилиятам!
Мо ба қисми ҳарбие омадем, ки бояд он ҷо давраи асосии хизмати сарбозиро мегузарондем. Ин қисми низомӣ дар ҳашт ки лометрии марзи Чин воқеъ буд ва дар канори роҳҳое, ки мо қадам мезадем, ҳар ҷо-ҳар ҷо навишта буданд: «Сарбоз, ҳушёр бош, то марзи давлатӣ ҳашт километр аст». Ба қавли афсарон, ин қисми низомӣ дар муқоиса бо маҳалли омӯзиши муқаддамотии мо, ҷое хеле муҳим ва хатарнок буд. Мегуфтанд, ки солҳои шаст дар танише, ки миёни Чин ва Шӯравӣ гузашта буд, сарбозони чинӣ вориди қаламрави Шӯравӣ шуда, теъдоди зиёди сарбозонро дар шаби хобашон кушта буданд. Намедонам, ки ин гуфтаҳо ҳақиқат дошт ё барои ҳушёр кардани мо мегуфтанд.
Моро ба баталиони алоқа оварданд ва ҷои хоб, ошхона, май дони машқ, пойгоҳи тонку мошинҳо ва ғайраро бароямон нишон доданд. Рӯзи дигар боз моро ба пойгоҳи тонкҳо бурданд ва мошинҳоямонро мушаххас карданд. Аслан, мо барои ронандагии тонк омӯзиш дида будем, вале вақте ба ин қисми низомӣ омадем, ба мо зиреҳпӯш (БТР) доданд, ки дар поя ё платформи ҳамон тонк сохта шуда буд, вале ба ҷои аслиҳа дохилаш пур аз таҷҳизоти радиову алоқа ва вазифааш таъмини алоқа барои фармондеҳон дар ҳолати ҷанг буд. Исми он ПУМ (Пункт управления мобильный), буд, ки ба забони тоҷикӣ Маркази фармондеҳии сайёр гуфтан мумкин аст. Дар сурати сар

пешина
аз 253
навбатӣ