Хуросон аст ин ҷо

Ин фаъолиятҳо аксаран як ҷузъи муборизаҳои сахти иҷтимоъӣ буда, бар зидди пантуркизм ва боқимондаҳои он, ба муқобили миллатзудоӣ амал мекарданд, дар шуури мардум нақше мегузоштанд. Вале сахт осеб диданӣ бунёди маънавии ҷомеа имкон надод, ки хештаншиносии миллӣ амиқ равад. Ҳар гоҳ заминаи маънавии рушди ҷомеа суст шавад, раги худҷуиву худрасии шахс аз ҷунбиш мемонад, ру ба карахтӣ меорад ва худшиносии миллат наметавонад баланд биравад, сатҳи он паст хоҳад буд. Аз ин ҷост, ки тоҷикони Осиёи Миёна дар замони шўравӣ ба худогоҳии ҳақиқӣ нарасиданд.
Ҷанги хонагии соли 1992 дар Тоҷикистон, идомаи он дар солҳои 1993 ва 1994 даст задан ба худкушии миллӣ буд ва нахуст андешаро кушт, аз ҷумла андешаи миллиро аз байн бурд ва ё хеле заиф сохт.
Ҳоло овардани ҷомеа ба сари андешаи миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои таърихӣ дар Тоҷикистон аст. Мардумро дар сари масъалаҳои умдаи ҳастии миллӣ - ҳастии таърихӣ ва имрўзӣ, дар сари вазифаҳои фардову пасфардо ба андеша кашидан лозим аст, то ки устувории пояҳои маънавии зиндагонӣ ва пояндагии умри миллат имконпазир ояд. Худогоҳии маънавӣ - шинохти фарҳангӣ, фалсафӣ, мазҳабии хештан шарти асосии бақои умри таърихии миллат аст. Танҳо худҷуии амиқрави маънавӣ шахс ва миллатро ба худшиносии инсонӣ, фарҳангиву ахлоқӣ ва миллӣ метавонад биёварад. Миллати тоҷик, ки таърихи кўҳан дорад, худогоҳии имрўзии вай бидуни андешаҳои амиқе дар сари гузаштаи фарҳанги маънавии худ суратпазир нахоҳад буд.
Ин корро аз одитарин масъалаҳои таърих сар кардан лозим меояд. Одитарин масъалаҳои пайдоиши халқ ва инкишофи таърихии вай, ташаккули забону адабиёт, фарҳанг, илм, принсипҳои ахлоқу одоб, хусусиятҳои асосии ҳаёти маънавии ў бояд як-як баррасӣ гардад, то ки имконе барои сабақ гирифтан аз печу тоби таърих пайдо шавад, шуури миллӣ мазмуну мўҳтавои лозим касб намояд ва ҳиссиёти салим эҷод кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё