Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин рў мехоҳем нигоҳе ба сарнавишти таърихии забони форсии тоҷикӣ андозем. Бисёре аз он чи гуфта хоҳад омад, ба аҳли дониш ошкор аст, аммо қисме аз он шояд ҳануз ба шарҳу баён эҳтиёҷ дошта бошад. Ба ҳар ҳол камина бар инам, ки имрўз гуфтани он зиёда зарур аст.

2

Забони форсии тоҷикӣ ҳамон форсии дарист. ки дар садаи 9-10 мелодӣ, шояд ҳатто андак пештар аз он шакли адабӣ ба худ гирифт ва дар аҳди оли Сомон форсии меъёр - гунаи расмии он ки дар муомилоти давлатӣ, коргузорӣ ва насри илмӣ ба кор меравад, ба вуҷуд омад. Гунаи расмӣ ва адабии форсии дарӣ дар Хуросон ташаккул ёфт. Дар Хуросон ба авҷи камолот расидани форсии дарӣ сабаб дорад.
Зодгоҳи эрониён ва нахустин ватани онҳо, нумўъгоҳи Эрони бузург Хуросон буд. Будгоҳи аслии қавмҳои ориёӣ, кишваре, ки ориёиён аз он ҷо ба дигар нуқтаҳои сукунати баъдии худ сафар карда буданд, Эронвиҷ ҳисоб мешавад, ки ҷузъе аз шарқи Эрон, аз Хуросон будааст.
Эрониён аз Хуросон қадам ба сафи «халқҳои меҳвар»
гузоштанд. «Халқҳои меҳвар» тибқи назариёти файласуфи ҳамзамони мо Карл Ясперс, чунонки зикраш гузашт, мардуми он кишварҳоеанд, ки ҳаёти маънавии башарият, яъне таърихро оғоз кардаанд ва аз ин рў меҳвари таърихи ҷаҳон дониста шудаанд.1 Таърихи ҷаҳон аз пайдоиши фалсафаи Чин, Ҳинд, Эрон ва Юнон, аз пайдоиши динҳои маънавиасоси ҷаҳонӣ чун оини буддоӣ, оини

1 Ниг.: К. Ясперс. Смысл и назначение истории (Маънои таърих ва ҳадафи он). -М., 1991.
зардуштӣ, дини яҳудиён ибтидо ёфтааст.

пешина
аз 351
навбатӣ