Хуросон аст ин ҷо

Осиёи Миёна пеш-пеши лашкари араб гуреза бисёр омада буд ё ҳукуматдорони араб порсигўёнро зиёд ба муҳоҷират оварданд ва аз ин сабаб забони форсӣ забони мазҳабӣ шуд. На, он гоҳ ки лашкари араб ба тозагӣ Мовароуннаҳрро тасхир карда буд, порсигўёни омада дар ин сарзамин ҳанўз зиёд набуданд. Шак нест, ки тарҷумаи Қуръон ва ваъзи форсӣ асосан барои аҳолии маҳаллӣ зарур омада буд, ҳамин аҳолии маҳаллӣ порсигўй ё порсидон буданд. На гурезаҳои эронии қарни VII, на онҳое, ки дар садаи VIII-IX аз Арабистон ва Эрон ба Осиёи Миёна, чунончи ба водии Зарафшон кўчонида шуда буданд, наметавонистанд муҳити забониро ба куллӣ дигар кунанд. Онҳо асосан заминаи мавҷудаи забонӣ ва нуфузи забони форсиро қувват доданд, барои пирўзии забони форсӣ бар суғдӣ ва ғайра мусоъидат карданд.
Аз он чи гуфта шуд, метавон натиҷа гирифт, ки порсии дарӣ пеш аз исломият дар Хуросон ва Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Суғди Бухоро ва Суғди Самарқанд, дар Чағониён ва Хатлон хеле густариш дошт ва шояд ҳақ ба ҷониби академик Абдулғанӣ Мирзоев аст, ки мегуфт: дарӣ дар ин ҷоҳо «забони омма буда» аст1, яъне густариши ҳамагонӣ доштааст.
Албатта пас аз ривоҷу равнақи ислом калимаю ибораҳои арабӣ дар порсии дарӣ ҳар чи бештар ворид омадан гирифт. Лекин дар аввалҳо, масалан дар садаи нўҳу даҳи мелодӣ, яъне дар аҳди Сомониён калимаю ибораҳои арабӣ дар забони форсӣ хеле кам буд.
Ба шумурди Муллоҷон Фозилов дар «Таърихи Табарӣ»-и Абўалии Балъамӣ миқдори вожаҳои арабӣ аз 8-10 фоиз зиёдтар нест. Дар назму насри даврони оли Сомон хеле кам будани вожаҳои арабиро дигар пажўҳишгарон ҳам таъкид кардаанд Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки шаст ҳазор байт доштааст, ба ақидаи баъзе донишмандон шумораи калимаҳои ғайри форсӣ аз 830 зиёдтар нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё