Хуросон аст ин ҷо

Аз ин ҷиҳат ҳам ҳаргиз наметавон гуфт, ки дарӣ аз омезиши паҳлавиву арабӣ фароҳам омадааст.
Аз қарни ёздаҳи мелодӣ шумораи калимаву ибораҳои арабӣ дар форсӣ афзудан гирифт. Вале ин афзоиш ҳам имкон намедиҳад аз омезиши ду забон ва пайдоиши забони саввум гап занем. Аз афзоиши унсурҳои арабӣ забони дигаре ба миён наомад, балки сохтори сарфиву наҳвии забони форсӣ ҳамчунон устувор монд, асосан захираи вожагони он тағйир ёфт, ки ин ҳам бештар дигаргунии миқдорӣ буд, яъне шумораи калимаву ибораҳо зиёд шуд. Дороиафзоии захираи луғавиро, ки қисман аз дороиҳои луғавии забони дигаре вомгирӣ шудааст, омезиши ду забон наметавон ба шумор овард. Ин на омезиш балки ғаноафзоӣ дар натиҷаи иртибот асту бас.
Ин аст, ки форсии дарӣ яке аз забонҳои худвежаи эронӣ буда, аз қадим дар меҳани эрониёни шарқӣ, дар сарзамини аҷдоди тоҷикон, дар Хуросону Мовароуннаҳр решаҳои амиқи таърихӣ дошта, дар баробари забонҳои бостонии суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ ва ғайра амал мекард ва дар қаламрави онҳо бо суръат густариш меёфт.
Чун аз қидмати порсии дарӣ сухан меравад, як назарияи илмиро, ки солҳои сивуми садаи бист пеш ниҳода буданд, ёдрас овардан мехоҳем.
Профессор Юрий Николаевич Марр, ки фарзанди академик Николай Яковлевич Марри машҳур аст, ба дастовардҳои илмии падараш такякунон чунин ақида баён кард: «Чунонки дар тамоми ҷаҳон дида мешавад, забонҳои зиндаи ҳозираи Эрон низ дар бисёр мавридҳо аз қадимтарин забонҳои эронӣ, яъне аз забонҳои қадимии авастоӣ ва паҳлавӣ ҳам кўҳнатаранд». Профессор Иосиф Самойлович Брагинский аз мулоҳизарониҳои Ю.Н.Марр чунин натиҷа гирифта буд: «Ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки забони тоҷикӣ нисбат ба забони паҳлавӣ ва суғдӣ қадимтар аст, чунон ки нисбат ба забони кўҳнаи арманӣ хеле қадимтар будани забони нави(ҳозираи) арманиро академик Н.Я.Марр исбот кардааст». Н.Я ва Ю.Н Марр барои исботи ин назария далелу бурҳони қотеъ овардаанд. Месазад, ки ин назария ҳамаҷониба таҳқиқ шавад.
Аз эҳтимол дур нест, ки форсии дарӣ аз ҳама забонҳои эронӣ қадимтар буда, дар тўли асрҳо сайқал дида ва дороӣ афзуда, гоҳе бар баъзе забонҳои эронӣ бартарӣ ёфта (чунончи ба дарбори Сомониён имтиёз пайдо карда), пас аз исломият ба ҳама забонҳои эронӣ пирўзӣ ёфт ва дар шарқу ғарби Эрон ҳукмрон шуд. Баски форсии дарӣ баробари дигар забонҳои эронӣ вуҷуд дошт, аз имконоти онҳо ғаномандӣ мегирифт, тавоно ва зебо мешуд ва бо ин сифатҳои худ, бо таҷрибаандўзии чандинасра имкон ёфт, ки дар ҷаҳони ислом дувумин забони мазҳабӣ ва фарҳангӣ бошад.
Барои зўр гирифтани порсии дарӣ ва густариши бештари он дар Осиёи Миёна ҷангҳои шадиди зидди лашкари араб низ сабаб шуд. Саъиди Нафисӣ, Садриддини Айнӣ ва дигар донишмандон ба он ҳақиқат диққат ҷалб кардаанд, ки исёни мардумони Хуросону Осиёи Миёна бар зидди ҳукуматдорони араб - исёни Сунбод,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё