Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устоди Сис, Гурдаки Ғичдувонӣ, Рофеъ ибни Лайси Самарқандӣ, ба хусус шўриши Абумуслим ва Муқаннаъ барои рушди забони дарӣ нақши муассир дошт. Ин муборизаҳои бузург басо сарнавиштсоз омаданд: рўҳи озодихоҳӣ ва ҳувиятҷўйии мардумро баланд бурданд, дар байни вилоятҳои гуногун ва табақаҳои мухталиф иттиҳод ва ҳамдиливу ҳамзабониро қувват доданд, аз ҳар ҷиҳат, аз ҷумла дар забон ягонагӣ эҷод карданд. Забони паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва ғайра ба сабаби маҳдудияти густариш кам имкон дошт, ки ҳар кадоме ба алоҳиддагӣ дар ташаккули ягонагӣ нақши куллӣ адо намояд. Танҳо забони дарӣ ки дар байни соҳибони ҳамаи ин забонҳо амал мекард ва аз имконоти онҳо баҳра мебурд, метавонист чунин нақше ба ўҳда бигирад. Шояд ба ҳамин ваҷҳ устод Айнӣ ҳатто ташаккули гунаи адабии порсии дариро ба шўришҳо вобаста донистааст. Вай гуфтааст, ки «дар миёни ин исёнҳо забони адабии тоҷик, ки дар терминҳои илмӣ «форсии ҷадид» меномиданд... ба вуҷуд омад».1 Муборизаҳои озодихоҳӣ дар Хуросону Мовароуннаҳри садаи ҳафти мелодӣ барои ташаккули халқи тоҷик замина тайёр кард. Як ҷузъи ин замина забони ягона - форсии дарӣ буд, ки дар рафти мубориза қувват гирифта ва доман паҳн карда, иттиҳоду ҳамбуди мардумро таъмин намуд.
Моҳиятан форсии дарӣ буд, ки қавми тоҷикро ба вуҷуд овард.
Пеш аз пайдо шудани қавми тоҷик аҷдоди мо масалан дар Осиёи Миёна сугдӣ ё хоразмӣ ё бохтарӣ ва ё номи дигаре доштанд, иборат аз чанд қавму халқ буданд. Эрониёни шарқӣ он гоҳ ки порсии дарӣ дар миёни онҳо пирўз шуд, он гоҳ ки кам ё беш дорои як забон шуданд, як забон онҳоро ба ҳам муттаҳид намуд, дар ҳамин сурат ҳама якҷоя як халқро ба вуҷуд оварданд. Ва номи «тоҷик», ки ба ҳама эрониён аз Форс то Чин итлоқ мегардид, рафта-рафта бештар ба ҳамин эрониёни шарқӣ нисбат пайдо карда, номи инҳо шуд.

пешина
аз 351
навбатӣ