Хуросон аст ин ҷо

Ҳоло маънои вожаи «тоҷик» ва пайдоиши он чандон маълум нест ва дар ин бора чанд тахмини илмӣ мавҷуд аст ва як ҳукми қатъӣ баровардан ҳанўз имкон надорад. Шояд дуруст аст, ки чун форсигўйҳо пештар аз дигарон ислом оварда, гўё ба тозиҳо - арабҳо нисбате пайдо намуданд, номи онҳо тозик ва тоҷик шуд ё «тоҷик»
аз калимаи «тот» (ки эронӣ гуфтан аст) пайдо шудааст (тот+ҷик) ва ё аз номи қавми «додик», ки дар Хуросону Тахористон сукунат доштанд, омадааст ва ё ки зардуштиёнро, ки кулоҳи тоҷмонанде доштаанд, тоҷик меномиданд ва баъд ин калима ба ҳама эрониён, хусусан ба эрониёни шарқӣ итлоқ шуд ва ҳоказо - пайдоиши вожаи тоҷик чи сабаби таърихӣ, ки дошта бошад, ба ҳар ҳол метавон гуфт, ки як номи муштарак пайдо кардани суғдиҳо, хоразмиҳо, бохтариҳо, аҳли Зобулу Систон ва ғайра ба забони муштарак пайдо намудани онҳо вобастагие дорад. Чунонки дар китоби академик Нўъмон Неъматов ба тафсил омадааст, ташаккули халқи тоҷик дар Мовароуннаҳру Хуросони аҳди Сомониён дар натиҷаи «ташаккули умумияти забон, умумияти ҳудуд, умумияти маданият» сурат гирифтааст1, вале равшан аст, ки умумияту ягонагии фарҳанг дар байни қавмҳои эронии ин сарзамин пеш аз дигар ўмумиятҳо оғоз ёфта, густариши забони форсии дарӣ ҳамгунии онҳоро хеле қувват дод ва ниҳоят фаро расидани умумияти ҳудуд, яъне муддати дуру дарозе устувор мондани давлати Сомомиён фароянди ташаккули ягонагии ин қавмҳо, фароянди шакл гирифтани халқи тоҷикро ба анҷом расонид. Дар ин занҷираи омилҳо забони ягона аз халқаҳои асосист. Забони ягонаи форсии дарӣ аз қавмҳои эронӣ як халқи эронӣ ба вуҷуд овард ва эрониёнро ба эҳёи миллӣ расонд. Забони ҳамагонии муқтадири дарӣ заминаи нумўъи эҳёи миллӣ ва тараққии беназири фарҳангу маънавият шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё