Хуросон аст ин ҷо

Агар форсии дарӣ хусусан аз оғози исломият ба суръати бештаре ҷойгузини забонҳои паҳлавию портӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва лаҳҷаҳои гуногун гардид, яъне на забони арабӣ, ки забони ҳукмрони замон буд, балки форсии дарӣ ба он забонҳо ғалаба кард, ин ҷо сабаби ҷиддӣ дар миён буда, яке аз сабабҳои асосӣ шояд он аст, ки ин забон дар он замон на танҳо бештар густариш дошт, балки як забони иқтидорманд буда, имконоти билқувва бештар гирд оварда буд, то дар андак муддат дар як сарзамини паҳновар ба мартабаи забони адабӣ расид, дар аҳди оли Сомон забони расмии ҳасти иҷтимоъиву сиёсӣ, забони шеъри ҷаҳоншумул ва илмҳои гуногун шуд. На дар ғарби Эрон, балки дар шарқи он ба нуқтаҳои олии тараққӣ расидани форсии дарӣ аз он аст, ки дар ин сарзамин решаҳои амиқи таърихӣ дошт, аз суннатҳои чандинасраи фарҳанги зодгоҳи худ ғизо гирифта, пайваста роҳи такомул мепаймуд.
Бинобар ин ҳамин ки шароити мусоиди иҷтимоъӣ фаро расид, тавонист ба пешсафи таърих бигузарад, вазифаҳои бузурги таърихӣ ба зимма бигирад ва ба ваҷҳи аъло иҷро бикунад.
Донишмандон ёдрас овардаанд, ки то қарни XII-XIII-и мелодӣ нумўъгоҳи асосии забони дарӣ ва адабиёти форсӣ Мовароуннаҳру Хуросон буда, дар он овон бузургтарин устодони сухани форсӣ Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Хайём аз ин минтақа хостаанд. Профессор Е. Э. Бертелс мисол оварда буд, ки аз 106 шоире, ки дар «Лубо6-ул-албоб»-и Авфии Бухороӣ (қарни XIII мелодӣ) номбар шудаанд, 85 фоизи онҳо аз ҳамин сарзамин ва 15 фоиз аз дигар ҷоҳо, танҳо 16 нафар аз вилоятҳои ғарбии Эрон будаанд1.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё