Хуросон аст ин ҷо

Дар се сад-чор сад соли аввал, то ҳуҷуми муғулон асосан дар Хуросону Мовароуннаҳр инкишоф ёфтани адабиёти форсӣ низ муҳаққиқонро бар ин фикр овардааст, ки форсии дарӣ аз қадим бештар маҳз ин ҷо поя устувор дошт.
Дар ин муддат забон сайқал меёфт ва хусусиятҳои зотии он барҷастатар падид омада, бо иқтидори азим ва ҳусни дилорое ҳама атрофиёнро тасхир мекард. Чунонки дар «Бурҳони қотеъ» таъкид гардидааст, форсии дариро «беҳтарини луғати форсӣ» медонистанд ва ба унвони «ҳар луғате, ки дар он нуқсоне набошад», дар ҳама олами ислом намунаи ибрат ба шумор овардаанд.
Хусусияти асосии форсии дарӣ фасоҳат ва содагист.
Барҷастатарин соданависҳо, ки сухани софи беғубор доштаанд, - дар шеър Рўдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, дар наср Абулъалии Балъамӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Унсурулмаолӣ, дар илм Ибни Сино, Берунӣ ва дигарон - ҳама аз Хуросону Мовароуннаҳр ба зуҳур омадаанд.
Забони форсӣ дар олами маънавии исломӣ на ҷое одӣ, балки ҷойгоҳе олӣ ёфт, ки баробари мавқеъи забони арабӣ буд. Ин аст, ки гуфтанд: «Лисону аҳлу л-ҷанната арабию ва форсию дарийа» - Забони аҳли биҳишт арабӣ ва форсии дарист. Дар ин маърид калимаи «дарӣ» тавзеҳе низ дорад, ки таъкид кардаанд: қавл аддарийа сифатун ли-л-форсийа» - сухани «дарӣ» сифати форсист.
Яъне на форсӣ умуман, балки он порсии асил, ки сифати дарӣ дорад, аз ҷаннат манзалат ёфтааст. Азбаски ташаккули ин порсии бостонии асил ба шарқи Эрон бештар алоқаманд аст, бояд бо ифтихори тамом бигўем: барои ин ки забони форсӣ ба ин мартабаҳои олӣ расад, забони аҳли биҳишт ва малоикаи осмони чаҳорум дониста шавад, гузаштагони тоҷикони имрўзӣ басо хидматгузорӣ кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё