Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъзеҳо ақида доранд, ки он сухани машҳур, ки гуфтаанд:
«Забони аҳли биҳишт арабӣ ва форсии дарист», ҳадиси шариф аст.
Аз ҷумла дар «Бурҳони қотеъ» ин сухан ба расули акрам нисбат ёфтааст. Соли 1992 қозиёти мусулмонони Осиёи Миёна (Тошканд) ин ақидаро зери шубҳа гирифт ва ба ин муносибат дар ҳафтаномаи «Сомон» (Душанбе) гуфтугузоре ба миён омад. Вале ба пиндори камина имрўз муҳим он аст, ки асрҳои аср чунин гуфтае вуҷуд доштааст, форсии дариро забони аҳли биҳишт ва фариштаҳои осмони чорум донистаанд. Ва ин ба ҳар ҳоле аз мавқеъи он дар ҷаҳони ислом дарак медиҳад.
Суханҳое, ки ба пайғамбари ислом нисбат додаанд, вале ин нисбат шубҳаангез аст, бисёранд. Бо вуҷуди ин, мавҷудияти чунин суханҳо ба ғоят муҳим аст. Кадоме аз он гуфтаҳо ва ё ҷузъе аз онҳо дар воқеъ аз доираи ҳадисҳо берун бошад ҳам, пайдоиши он сабаби ҷиддӣ дорад ва баъзе равандҳои муҳимми таърихиро дар худ акс додааст.
Дуктур Насруллоҳи Пурҷаводӣ аз ин ҳадис ёд кардааст: «Дар гирди арш ба форсӣ сухан гўянд. Ва ваҳйи худованд дар фармонҳои нарму ором ба форсист ва дар ў амри сахт ба арабӣ»1. Ин ҷо боз ҳам мебинем, ки ба забони форсӣ ба ғоят мартабаи баланд додаанд.
Ва ин ҳам муҳим аст, ки як сабаби ба мартабаи олӣ расидани ин забон ҳамоно ба сифатҳои зотии он вобастагӣ дорад, аз нармӣ ва малоҳату ширинии он аст.
Дувумин забони ҷаҳони ислом шинохта шудани забони форсӣ аз он сабаб аст, ки форсии дарӣ аз нахуст иқтидору тавоноии азим ва имконоти камназир намоиш дод, на танҳо монанди имрўз мавзуну хушоҳанг ва фораму гўшнавоз буд, балки зуд барои баёни ҳар мафҳуме - чи маъниҳои латифи шоирона, чи матлабҳои мураккабу нозуки илмӣ, ирфонӣ, ҳунарӣ ва дигарҳо қобил шуд.

пешина
аз 351
навбатӣ