Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маънавияти воло ҳастии бисёре аз миллатҳои Шарқро фаро гирифтааст. Ақидаҳои мардум дар бораи моҳияти инсон аз тафаккури маънавибунёд ғизо гирифта, чи дар фалсафа, чи дар омўзаҳои динӣ ифода ёфтааст. Мардуми Шарқ аз Чин то Фаластин ба пурсишҳое аз қабили ин, ки маънои одаму одамият чист, инсон ба ҷаҳон чӣ рисолат дорад, рафтору кирдори ў чӣ гуна бошад, аксаран аз бинишгоҳи баланди маънавӣ посух ҷустаанд. Ин ҳолат дар ҳадафҳову ҷиҳатгириҳои шахсу ҷомиа нақш доштааст.
Мо тоҷикон бояд фахр бикунем, ки аҷдоди мо тамаддуни бузурге, ки бунёди он ба фарҳанги волои маънавӣ буд, ба вуҷуд овардаанд ва мо меросбари онем. Мо бояд сари ифтихор баланд бидорем, ки гузаштагони одамиятпарвари мо барои бузургдошти одамизод, барои хештаншиносии маънавию ахлоқии инсон, барои аз олоиш пок доштани сиришти вай асрҳои аср теша ба пойи андеша задаанд, аммо сохтани дастафзори ҳамакушӣ ва ҷаҳонхўриро фикр накардаанд. Мояи ифтихори зодагони тамаддуни ориёист, ки аз миёни онҳо пайғамбарсифатоне чун Зардушт, бузургоне чун Ибни Сино ва Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз, мавлавӣ Ҷалолиддини Румии Балхӣ баромадаанд, аммо яке чун Чингизу Темур ё ки чун Ҳитлеру Ҷорҷ Буш аз байни онҳо пайдо нашудааст.
Ҷиддияти фарзандони арҷманди Шарқи имрўз аз ин ҳам маълум мешавад, ки ҳалли масъаларо аз оғозгоҳҳои таърих, аз андешаи фалсафии аҳди бостон ҷуста то ба замони мо аз назар гузарониданд, бо чашмандози густурдаи муқоисаҷўӣ фаро гирифтанд, асосҳои фалсафӣ ва роҳҳои амалии сохтмони зиндагии нави худро баробар ба андеша оварданд. Аз ҷумла дар Ҳинд Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлол Неҳру, Сарвапаллӣ
Родокришнон, Мавлоно Абулкаломи Озод ва дигарон на танҳо сиёсатмадор, балки файласуф, таърихдон, огоҳ аз печу тоби роҳҳои пешрафти илмиву амалии Машриқу Мағриб буданд ва масъалаҳои озодиву истиқлоли кишвари худро бо ҳамин фарохназарӣ ҳал карданд.

пешина
аз 351
навбатӣ