Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин забон бо ҳамин номи «забони форсӣ» дар қарни 8-9-и мелодӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ташаккул ёфт, бо ҳамин ном ба дигар минтақаҳои Эрон рафта ва то имрўз таҳаввул пазируфт, дар Осиёи Миёна ҳам то даҳаи бистуми қарни бистум бо ҳамин ном рушд мекард. Таъбири «забони тоҷикӣ» дар қарнҳои охир гоҳ-гоҳ дар урфият ба кор равад ҳам, чун номи расмии ин забон пазируфта нашуда буд.
Ҷадидони равшангар дар даҳаи якуму дувуми садаи бист аз миллат ва худшиносии миллӣ сухан сар карданд, вале дар миёни мардуми гуногуннажоди Осиёи Миёна ҳанўз шуури миллӣ рушд накарда буд, мардум худро ба унвони миллат нашинохта буданд.
Аз ин рў дар матбуоти он давра мафҳуми «миллати мусулмон»
бештар ба дид меояд, аммо мафҳумҳое аз қабили «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ» ва ғайра ба чашм намерасад.
Аз охирин сеяки қарни 19, аз он гоҳ ки Осиёи Миёна ба тобеъияти Русия даромад, қувваҳое ба майдони таърих қадам гузоштанд, ки аз пайдо шудани фарқе дар миёни форсият ва тоҷикият суд мебурданд. Мустамликадорони рус ва панславистҳо бар зидди ислом ва Эрон мубориза мекарданд ва мехостанд тоҷиконро аз Эрону Афғонистон дур доранд ва агар имкон шавад, бар зидди Эрону Афғонистон истифода намоянд. Онҳо аз ҷумла чунон вонамуд мекарданд, ки миёни мардумони Осиёи Миёна ва Эрон тафовут зиёд аст. Чунончи тафовутҳои мазҳабӣ - зиддияти сунниву шеа, фарқҳои ночизи форсии Мовароуннаҳр ва форсии Эронро таъкидан гўшрас меоварданд, гоҳ кўшиш менамуданд, ки нисбат ба эронинажодони Осиёи Миёна истилоҳи «забони тоҷикӣ»
ҷои истилоҳи «забони форсӣ»-ро бигирад.
Аз кўшиши ба расмият даровардани таъбири «забони тоҷикӣ»
буд, ки соли 1899 дар Бухоро фарҳанге ба номи «Луғати русӣтоҷикӣ» (Русско-таджикский словаръ) чоп шуд, вале ин китоб танҳо ба русӣ чунин ном дошта, номи тоҷикии он, ки ба хати форсӣ навишта шудааст, «Луғати русӣ ба форсӣ» буд.

пешина
аз 351
навбатӣ