Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунонки мебинем, калимаи «тоҷикӣ» фақат дар унвони русии китоб ҳаст ва дар унвони тоҷикӣ бо калимаи «форсӣ» иваз шудааст. Тартибдиҳандаи ин фарҳанг Шоҳҳайдар Ҳотамтоев дар саҳифаи унвони китоб пас аз номи он навиштааст: «Руководство, как без посторонней помощи выучитъся говоритъ русским по таджикски и таджикам по русски». Тарҷумаи ин гап дар ҳамин саҳифаи унвон чунин омадааст: «Аз мазмуни ин китоб сивои муаллим русиязабон форсӣ гап зада метавонад ва мусулмониязабон русӣ гап зада метавонад».
Яъне мусанниф он чиро, ки дар матни асл «тоҷикӣ»- «по таджикски» номида буд, дар тарҷума «форсӣ» гуфтааст ва «таджики» (таджикам)-ро «мусулмониязабон» тарҷума кардааст, нисбат ба форсигўёни Осиёи Миёна ба кор овардани истилоҳоти «тоҷик» ва «тоҷикиро» ҷоиз надонистааст.
Дар саҳифаи савуми ин фарҳанг чунин матн ҳаст. «По настоящему словарю русские легко могут ознакомитъся с таджикским языком, а таджики с русским, не зная грамоты этих языков, ибо русские слова написаны русскими и таджикскими буквами и наоборот». Ин матн дар ҳамон саҳифаи 3 чунин тарҷума шудааст: «Маъ ин китоби луғат форсиён забони русияро ба осонӣ ва ба зудӣ ёд мегиранд, аз барои он ки иборати мусулмонӣ ва русӣ ба калимоти мусулмонӣ навишта шудааст». Чунонки мебинем, ин ҷо ҳам дар матни русӣ вожаи «тоҷик» се бор зикр шуда, дар тарҷума бо вожаҳои «форсиён» ва «мусулмонӣ» иваз гардидааст.
Дар дигар ҷойҳои ин китоб ҳам дар матни русӣ вожаи «тоҷик» ҳаст, аммо дар тарчумаи форсии он матн дида намешавад. Танҳо дар саҳифаи 84 ибораи «ҳуруфҳои тоҷикӣ» ба дид омаду бас. Яъне дар матни русии ин китоб калимаи «тоҷик» чандин бор, аммо дар матни форсии он фақат як бор ба кор рафтааст.
Пурсише сар мезанад, ки чаро ин тавр шудааст? Аз чӣ сабаб дар матни русӣ вожаи «тоҷик» ва «тоҷикӣ» чандин бор ба кор омада бошад ҳам, дар тарҷумаи форсии матн ба ҷуз як дафъа аз истифодаи он худдорӣ шудааст?

пешина
аз 351
навбатӣ