Хуросон аст ин ҷо

Ин ҳам бояд фаромўш нашавад, ки турконидани тоҷикон пас аз инқилоби 1917 ба маротиб бештар аз пештар суръат гирифт, ки пантуркистҳо ба сари қудрат омада, бо зўроварӣ ин равандро пеш бурдан гирифтанд ва мустамликадорони шўравӣ дар ин кор пантуркистҳоро дастгирӣ мекарданд.
Истеъморгарони рус аз он сабаб ҳам турконидани аҳолиро суди худ медонистанд, ки тоҷикон дар диндорӣ устувортар ва аксари уламои ислом аз тоҷикон буда, асрҳои аср ин мардум дар густариши ислом, барои ба ислом кашидани дигар халқҳо рисолати таърихӣ иҷро кардаанд, аммо дар байни мардуми туркнажод, ба вежа дар миёни туркҳои саҳронишин ба ҳар ҳол диндорӣ нисбатан суст буд ва турк шудани тоҷикон чунин маънӣ метавонист дошта бошад, ки кам-кам дар миёни инҳо ҳам исломият сусттар хоҳад шуд.
Панславизм ва пантуркизм хусусан аз оғози садаи 20 дар масъалаи тоҷикон бо ҳам созиш карданд. Ин ду ҷараён душмани якдигар ва бо ҳам дар талош буданд, аммо дар сари тоҷикон аз як гиребон сар бароварданро лозим донистанд, зеро дар ин маврид
1 Записки академика В. В. Бартольда по вопросу об исторических взаимоотношениях турецких и иранских народов Средней Азии (Гузориши академик В. В. Бартолд дар масъалаи робитаҳои мутақобилаи таърихии халқҳои турку эронии Осиёи Миёна).
Бойгонии Фарҳангистони улуми Русия, фонди Бартолд, захираи 68, номгўи 1, парвандаи 35, саҳ. 2. Иқтибоси мо аз А. Турсунов.
Исторические судьбы культур разделенных наций (Сарнавишти таърихии фарҳанги миллатҳои чандпора), мақолаи дувум, маҷаллаи Ахбороти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, силсилаи шарқшиносӣ, 1991, №3, саҳ 17.
суди онҳо ба ҳам созгор омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё