Хуросон аст ин ҷо

Ба пиндошти мо сабаби рўй додани ин ҳолат он аст, ки дар доираҳои расмии русӣ хоҳиши ба кор бурдани вожаи «тоҷик» ва истилоҳи «забони тоҷикӣ» пурзўр буд ва аз ин рў дар матни русӣ бисёр ба кор гирифтаанд, аммо дар навиштаи форсӣ овардани онҳо, ба хусус таъбири «забони тоҷикӣ»
расм набуд ва агар дар навиштаи форсӣ ҳам истифода мекарданд, хилофи қоидаву таомул мерафтанд ва шояд ба эътироз дучор меомаданд.
Ба ҳар ҳол вожаи «тоҷик» ва ибораи «забони тоҷикӣ» дар навиштаҳои гуногуни русӣ, аз ҷумла дар осори илмӣ ҳар чи бештар ба кор рафтан гирифт, то кам-кам чашму гўш ба он одат кард.
Тоҷикони шаҳрҳои калон худро бештар «форс» номанд ҳам, дигарон ки асосан худро «тоҷик» мегуфтанд, ба таъбири «забони тоҷикӣ» одат кардани онҳо чандон душворӣ надошт.
Ба истеъморгарони подшоҳии рус зиёда зарур буд, ки тоҷикони Осиёи Миёнаро аз Эрону Афғонистон ҳар чӣ дуртар баранд ва эрониятро аз зеҳни онҳо берун кунанд, то ки дилбастагии форсизабонони Осиёи Миёна нисбат ба ҳамхунони эрониву афғонистонии худ то рафт кам шавад ва Эрон ҳам имкон надошта бошад, ки рўзе ба ин кишвар, ба Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Хатлон ва ғайра даъво кунад. Русҳо ба чандин роҳ ба сўи ин мақсад мерафтанд. Яке аз ин роҳҳо он буд, ки мустамликадорони рус барои турк кардани тоҷикон ҳамаҷониба кўшиданд. Турк шудани тоҷикон, ки аз садаи 18 афзоиш ёфт, пас аз истилои рус дар охири садаи 19 ва оғози садаи 20 якбора ба ғоят суръат гирифт.
Ховаршиноси машҳури рус академик В. В. Бартолд ба суръат турк шудани тоҷиконро ба чашми худ дидааст ва навиштааст: «То истилои рус дар шаҳрҳои қисми ҷанубии Осиёи Миёна, аз ҳавзаи Зарафшон сар карда, умуман унсури эронӣ бартарӣ дошт ва танҳо пас аз омадани русҳо масалан дар Самарқанд фароянди турконидани мардум пешрафтҳои зиёд кард»1 (Ин ҷо бешак на худи Самарқанд, балки шаҳрҳои гирду атрофи он дар назар аст, зеро имрўз дар поёни садаи 20 ҳам аксарияти кулли мардуми Самарқанд тоҷиканд).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё