Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин аст, ки ўзбеконидани тоҷикон оғоз ёфт.
Коммунистон сиёсати ўзбеконидани тоҷиконро дастгирӣ карданд, ин сиёсат сиёсати болшавикӣ шуд. Коммунистон дар раҳбарияти созмонҳои ҳизбии Бухоро, Самарқанд ва ғайра туркпарастони болшавикро гузошта бо дасти онҳо сиёсати худро амалӣ мекарданд. Инак, раиси кумитаи марказии ҳизби коммунистии Бухоро Наҷиб Ҳусаинови тотор соли 1921 аз Маскав ба яке аз котибони кумитаи марказии ин ҳизб Олимҷон Оқчурин, ки низ тотор буд, номае фиристода, чунин вазифа гузошта буд:
ҳатман бояд муваффақ шуд, ки бештар аз нисфи аҳолии Бухороро ўзбекон, бахши ночизеро туркманҳо, баъдан эрониёну яҳудиён ва ғайра ташкил бидиҳанд1, яъне ба рўйхати аҳолии Бухоро номи тоҷикон бояд надарояд, чунин вонамуд шавад, ки ин ҷо тоҷик нест.
Сиёсати ҳизб чунон сурат гирифт, ки худро ўзбек нависондан, нишонаи садоқати болшавикӣ ба давлати шўравӣ ва идеалҳои коммунистӣ ҳисоб мешуд. Аз ин ҷост, ки соли 1924 чунон вонамудан хостанд, ки гўё дар созмонҳои ҳизбиву комсомолии Ҷумҳурияти Бухоро як тоҷик набуд, ҳатто дар рўйхати созмонҳои ҳизбиву комсомолии Бухорои шарқӣ (Тоҷикистони кунунӣ) касе набуд, ки миллаташ тоҷик навишта шуда бошад2. Яъне лозим буд, ки аввал коммунистон худро ўзбек бишуморанд, баъд ҳама халоиқ аз паси ин «сарварони миллат» бираванд ва худро ўзбек ба қалам

1 Бойгонии ҳизбин Ўзбекистон, шўъбаи собиқ Институти марксизм-ленинизм, захираи 14, номгўи 1, парвандаи 60, варақи 5.
Иқтибоси мо аз: И. Келдиев. Фарҷоми худношиносӣ, маҷаллаи «Садои Шарқ», 1989, №76, саҳ. 101.
2 Ниг.: История Бухарской Народной Советской Республики, сб.
документов (Таърихи Ҷумҳурияти Халқии Шўроии Бухоро, маҷмўаи санадҳо). - Тошканд, 1976, саҳ. 182, 162.
бидиҳанд.

пешина
аз 351
навбатӣ