Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ин тариқ иттиҳоди пантуркизму болшавизм ба решаи миллати тоҷик теша мезад.
Сарварони онвақтаи миллати тоҷик Садриддини Айнӣ, Абдулқодир Муҳиддинов, Шотемур, Чинор Имомов, Нусратуллоҳмахсум Лутфуллоев, Абдураҳим Ҳоҷибоев барои исботи мавҷудияти тоҷикон, барои исботи ин, ки тоҷикон як миллати ҷудогонаи мустақиланд, миён бастанд. Лекин он сарварони миллати мо гоҳ наметавонистанд ба овози баланд бигўянд, ки тоҷикон яке аз қавмҳои эронӣ, балки эронии асиланд ва забони онҳо форсии дарӣ як шохаи дарахти баруманди забони форсист, на як лаҳҷаи хароби форсии омада! Наметавонистанд бо сарбаландӣ чунин бигуянд, зеро агар мегуфтанд ва дар аввалҳо ки гуфтанд, ҳамон лаҳза ҷавоб мешуниданд, ки шумо пайрави панэронизму панисломизм ҳастед ва Осиси Миёнаро аз давлати шўравӣ ҷудо кардан, ба Эрону Афғонистон пайвастан мехоҳед. Пантуркистҳо баҳона меҷустанд, ки ба мардуми тоҷик ва сарварони ин мардум дар ҳаққи давлати шўравӣ хиёнати сиёсӣ нисбат бидиҳанд. Бино бар ин кори тоҷикпарастон дар ҳар қадам ба чанд душворӣ рў ба рў меомад.
Камина нигорандаи ин сатрҳо шоҳиди чунин баҳсҳост. Соли 1939 дар Иттиҳоди Шўравӣ саршумори умумии аҳолӣ баргузор шуд. Банда он гоҳ дар Бухоро ҳанўз мактаббача будам. Муаллимон пеш аз саршумор як-як ба мо гўшгузор карданд, ки падарону модарони мо рўзи саршумор ба суоли «чи миллат дорӣ?» бояд бигўянд, ки ўзбак ҳастем. Муаллимон таъкид мекарданд, ки ба падару модар ва калонсолони хонаи худ бифаҳмонед: чун мо дар Ўзбакистон зиндагӣ мекунем, узбак ҳастем, бояд худро ўзбак гўем.
Фақат яке аз муаллимон – муаллими забон ва адабиёт Аҳрори Рашидӣ гуфт, ки ҳамаи онҳоеро, ки дар Ўзбекистон зист доранд, ўзбак донистан раво нест, ин ҷо тоторҳо, русҳо, тоҷикҳо ва ғайра ҳастанд ва шумо ки ба тоҷикӣ гап мезанед, тоҷик ҳастед. Пас аз чунин эзоҳи он муаллим ман хоҳиши ўзбек нависонданро ба аммаи пиронсолам Иқболхон, ки дар хонаи ў зиндагӣ мекардам, нарасондам.

пешина
аз 351
навбатӣ