Хуросон аст ин ҷо

Лекин ман надонистам, ки вай чӣ навишт: маро тоҷик навишт ё ўзбек. Солҳои баъд ҳар бор ки ин рўйдодро ба ёд овардам, фикр кардам, ки он рўз рўйхатгир маро тоҷик нанавист, ўзбак навист.
Ҳамон сол банда ба Душанбе омадам ва ин ҷо шиноснома гирифтам ва дар шиноснома миллати банда тоҷик навишта шудааст. Аммо бародарам Зариф дар ноҳияи Ғиҷдувони вилояти Бухоро мезист, дар ҳама ҳуҷҷатҳо ўзбак навишта шуда буд. Чун боре аз ў пурсидам, ки Шумо худро дар ҳақиқат ўзбак медонед ё тоҷик, гуфт: Ман коре надорам, ки маро ўзбак менависанд ё тоҷик.
Монанд, ки ба сари фарзандам зинда бошам.
Ин аст, ки худшиносии миллии тоҷикон аз аввали инқилоб ба номафҳумиҳое дучор омад, ки дар роҳи ташаккули шуури миллӣ дар ҳар қадам монеае гузошта буд. Мардуми моро гурўҳе турку ўзбак медонистанд, гурўҳе форсу эронӣ меномиданд, гурўҳе ғалча ё сорт мегуфтанд ва гурўҳе исрор доштанд, ки инҳо тоҷиканд. Мо дар ин миён ҳайрон будем, ки худ кистем.
Шўравиён аз оғози даҳаи бистум хостанд дар Осиёи Миёна ба номи тақсими ҳудуди миллӣ як марзбандии нав ба миён оранд.
Мақсад аз ин кор он буд, ки дар ин сарзамин аз рўи таҷрибаи Аврупои Ғарбӣ давлатҳои миллӣ ба вуҷуд оваранд, ки дар ҳайъати Иттиҳоди Шўравӣ гуё чун давлатҳои мустақили соҳибихтиёр вуҷуд дошта бошанд. Хостанд, ки ўзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо соҳиби «давлати миллӣ» шаванд, вале тоҷиконро «фаромўш карданд». Ин «фаромўшкорӣ» чунин маънӣ дошт, ки тоҷикон аз «истиқлоли»
сиёсӣ маҳрум ва дар ҳайъати «давлати миллии» ўзбекон ноаён хоҳанд монд ва он гоҳ ўзбеконидани тоҷикон дар андак муддат анҷом хоҳад ёфт.
Дар ин шароит сарварони мардуми эронинажод чунин масъала гузоштанд: мо на турку ўзбек ҳастем, на форсу эронӣ, мо тоҷикем ва низ давлате ба номи Тоҷикистон бояд дошта бошем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё