Хуросон аст ин ҷо

Рўзи рўйхатгирӣ чун аз аммаи ман миллат пурсиданд, гуфт, ки форс ҳастам. Руйхатгир гуфт: Форс бошед, эронӣ будаед, магар шеа ҳастед? Аммаи ман аз эҳтимоли нисбат ёфтанаш ба шеаҳо хеле тарсид ва гуфт: не, не, бачем, худо нигоҳ дорад, эронӣ нестам. Ҷавони рўйхатгир пурсид: Пас кистед? Аммаам гуфт: Тоҷик нависед, бачем, тоҷик. Ҷавон гуфт: Тоҷик бошед, масчоӣ будаед, ин тавр бошад, чаро ин ҷо зиндагӣ мекунед, ба Тоҷикистон равед!
Аммаам аз ин ки ўро ба мардуми кўҳистони Масчоҳ нисбат доданд, ранҷид ва тарсид, ки ба он сў хоҳанд кўчонид. Ин хавф ҳамеша мо мардуми Бухороро таҳдид мекард. Аммаам ба илтиҷо даромад:
Бачем, мани пир куҷо меравам, равам, дар роҳ мемурам. Ва хомўш монд. Ҷавон ҳамоно мегуфт: Охир гап занед, миллати шуморо чи нависам? Аммаам ҳайрон буд, ки чи гўяд ва гуфт: Намедонам, бачем. Он гоҳ ҷавон ба сари мақсад омад: Донед, ки шумо, на форс ҳастед, на тоҷиқ, шумо ўзбек ҳастед, ўзбечка, фаҳмидед? Фаромўш накунед! Аммаам розӣ шуд: Хайр, хайр, бачем, ўзбек нависед, илоҳи барака ёбед.
Чунонки мебинем, барои ин ки мардум худро ўзбек шуморанд, таблиғгарони пантуркизм хеле нозук рафтор мекарданд: ҳам ихтилофоти миёни шеаву суннӣ, ҳам тафовути байни тоҷикони водиҳову кўҳистон, ҳам сиёсати истеъморгарони Маскав, ки ба зўроварии пантуркистӣ ва турксозии тоҷикон бо бепарвоӣ менигаристанд ва бисёр чизҳои дигарро истифода мебурданд.
Он рўзи ҷоншумор чун навбат ба ман расид, ман миллати худро тоҷик гуфтам. Рўйхатнавис гуфт: Модомки аммаат худро ўзбечка нависонданд, ту чаро тоҷик будаӣ? Ту ҳам ўзбек ҳастӣ. Ман сахт истодам, ки тоҷик ҳастам. Рўйхатсоз кўшиш кард, ки чунонки ба аммаам фаҳмонда буд, ба ман ҳам фаҳмонад, ки ман тоҷик нестам. Вале ман бо пофишорӣ гуфтам, ки тоҷик нависед. Он гоҳ рўйхатгир гўё ба гапи ман розӣ шуд ва ба дафтараш чизе навишт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё