Хуросон аст ин ҷо

Рўдакӣ то Садриддини Айнӣ осори намоёне ба ҷаҳониён додааст, эҳсос бикунад. Худшиносии тоҷикон аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҷараёни дуруст дохил шуд.
Ба китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» танҳо он қисми адабиёти форсӣ, фақат он суханварон, ки аз Мовароуннаҳр хостаанд, дароварда шуда буданд. Яъне танҳо адаби форсии Мовароуннаҳр «адабиёти тоҷикӣ» номида шуд. Мафҳуми «забони тоҷикӣ» низ фақат бо ҳамин сарзамин маҳдуд гардид. Гўё забону адабиёти форсии он сўи Ому дигар асту ба дигарон тааллуқ дорад ва забону адабиёти ин сўи Ому чизи дигарест, ки соҳибаш он моем.
Чунин ҳудудгузорӣ албатта як кори сунъиву сохта буд, ки асоси илмии таърихӣ надошт, вале вазъи иҷтимоъиву сиёсии даҳаи бистум донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷикро ба чунин сохтакорӣ водор кард. Агар пешвоёни тоҷикҳои Варорўд дар даҳаи бистуми садаи бист ба таври расмӣ пофишорӣ бар ин мекарданд, ки тоҷикони ин сўи Омў ба мероси адабии он сўи Омў низ шариканд, яъне бахше аз эронитаборони Хуросони таърихиянд, бечуну чаро панэронист ва панисломист ва унсури зидди шўравӣ ном мегирифтанд. Ин талқини сарварони тоҷикҳои Варорўд чунин маънӣ дошт, ки масъалаи бузурги таърихӣ – масъалаи пайдоиши халқе, ки тоҷик ном гирифт, як тарафа ва номукаммал ҳал шудааст.
Ба ин маънӣ фаҳмиши таърихии онҳо ва худшиносии мардум норасо буд. Ҳамин пиндору худшиносии норасо ҳам ба дили тоҷикон тавоноие медод ва онҳо ба устувор кардани пояҳои ҳастии худ иқдом намуданд.
Оре, мавҷудияти тоҷикони Осиси Миёна, консипсиюни ҳастии миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти онҳоро бо муборизаҳои сахти илмӣ ва иҷтимоъиву сиёсӣ исбот ва устувор кардан лозим омад. На танҳо даҳаи бистуму сиюм, балки баъдтар ҳам муборизаи илмӣ ва муборизаи иҷтимоъиву сиёсӣ аз ҳам фарқ
надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё