Хуросон аст ин ҷо

Илм ба хидмати миллат миён баста буд, ҳар рўз барои исботи ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон ба талош медаромад.
Мухолифони консипсиюни ҳастии миллии тоҷикон бисёр буданд. Чунончи ҳамин ки «Намунаи адабиёти тоҷик» чоп шуд, «ҳамаи шарқшиносон муқобил баромаданд ва забони адабӣ доштани халқи тоҷикро инкор карданд» (С. Айнӣ)1. «Аз ин хатои шарқшиносон пантуркистон истифода бурда, будани тоҷиконро дар Осиси Миёна инкор карданд». Устод Айнӣ идомаи ин қиссаро ин тарз овардааст: «Дар соли 1926 дар Тошканд вақте ки конфаронси ба алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд, як қисми шарқшиносон гуфтанд, ки «тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд, ин забони адабие, ки дар вай шоирони гузашта ва ҳозираи осиёи миёнагӣ шеър мегўянд, аз они Эрон аст, бояд дар асоси забони кўчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад". С. Айнӣ он гоҳ «бисёр шўрида мунозира кард», то исбот намояд, ки тоҷикон забони адабии олиҷанобе доранд. Вай соли 1930 дар пешгоҳи конфаронси забоншиносии Самарқанд «бо хатти ҷалии настаълиқ» шиоре навишт:
«Тоҷикон забони адабии ҳазорсола доранд!» Ҳамон сол Айнӣ дар конфаронси забоншиносии Сталинобод «бо профисур Андреев даст ба гиребон шуда ҷанг кард» ва боз ҳам мақсади ў ба фаҳми мардум расонидани ҳақиқати таърих, ҳақиқати мавҷудияти халқи тоҷик дар Осиёи Миёна, забони адабии сайқалдида ва адабиёти классикии ҳазорсолаи вай буд2.
Устод Айнӣ на танҳо бо мунозираву муноқишаҳои илмӣ, бо чандин мақола ва «Намунаи адабиёти тоҷик», балки инчунин 6о
1 Ниг.: К. Айнӣ. Як сина сухан барои гуфтан дорам. «Адабиёт ва санъат», 16 сентабри 1993, № 38, саҳ. 5.
2 Ҳамон ҷо. Дар ин мақолаи Камоли Айнӣ як номаи муҳимми Садриддини Айнӣ чоп шудааст, ки ҳама иқтибосҳои ҳозира аз он нома гирифта шуд.
асарҳои адабӣ, масалан бо қиссаи «Одина» (1924) ва румони «Дохунда» (1930) собит намуд, ки халқи тоҷик вуҷуд дорад ва забони адабии ў ҳамон форсии дарӣ, форсии асил ва софу беғубор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё