Хуросон аст ин ҷо

Дар натиҷа соли 1930 «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро манъ карданд, яъне аз дўкону китобхона чида ба коми оташ партофтанд.
Худи Айнӣ ба чи сабабе, шояд ба сабаби он, ки румони «Дохунда»- ро, ки дар васфи инқилоб аст, навишт, аз ҷазо эмин монд.
Ба ин тарз фитнагарон гуё «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро бадном карданд ва ба консипсиюне, ки асоси ин китобро ташкил мекард, зарба заданд. Албатта онҳо то андозае ба мақсад расиданд, хусусан дар доираҳои расмии Иттиҳоди Шўравӣ нисбат ба такопўе, ки мардуми тоҷик дар роҳи худшиносӣ ва устувор кардани пояҳои ҳастии миллии худ доштанд, нобовариро қувват доданд. Аммо китоби Айнӣ пеш аз он ки ҷавонмарг шавад ва баъд аз он ҳам дар шуури миллии халқи тоҷик нақше носутурданӣ гузошт ва берун аз ҳудуди Осиёи Миёна ҳам хидмати таърихӣ иҷро намуд.
Аз ин рў чун имрўз «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба даст мегирем, бояд бо назари таърихӣ варақ занем ва аз бинишгоҳи он вазифаҳои бузурги миллӣ, ки муаллиф барои иҷрои онҳо фидокорона ҷавлон дошт, арзёбӣ кунем. Набояд фаромўш кард, ки Айнӣ гуфтааст: «Дар тартиб додани ин китоб... фармудаи таърихро ба ҷо овардаам". Ҳама фаъолияти Айнӣ иҷрои амри зарурати таърих, иҷрои супориши миллат, иҷрои аълои вазифаи бузурги иҷтимоъӣ буд.
Фармудаи таърих ин буд, ки нодурустии ақидаҳои пантуркистҳо, аз ҷумла ба ном «назарияи тўроният»-ро бояд исбот кард. Назарияпардозони «тўроният» даъво доранд, ки вожаи «Тўрон» ва вожаи «турк» аз як реша аст, «Тўрон» ва «Туркистон»
як маъно дорад, яъне Мовароуннаҳр, ки ҷузъе аз Турон аст, аз
1 Ниг.: Н. Бухарин. Путь к социализму (Роҳи сотсиализм). - Новосибирск, «Наука», 1990, стр. 305.
қадим як қисми Туркистон буд, ватани аслии қавмҳои туркинажод ва фарҳанги онҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё