Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ниҳоят шарқшиносон Евгений Бертелс ва Александр Болдирев «розӣ шуданд, ки адабиёти тоҷикро аз асри ХУ1-ХУ11 ин ҷониб дар ҳудуди Мовароуннаҳр қабул намоянд»1. Аммо устод Айнӣ ба ин қаноат накард ва муборизаро барои исбот кардани ин ки адабиёти классикии тоҷикӣ аз Рўдакӣ оғоз ёфтааст, ҳамчунон идома дод.
Дар ин миён воқиае рўй дод, ки ба нақшаҳои устод зарба зад ва ба иҷрои он монеъ омад. Охири даҳаи бистум ба чобукдастони қудратманди пантуркист ва панславист муяссар гардид, ки тифоқ шуда, ба устод Айнӣ ва «Намунаи адабиёти тоҷик» айбҳои калони сиёсӣ нисбат диҳанд. Яке аз гуноҳҳое, ки ба «Намунаи адабиёти тоҷик» нисбат доданд, ин буд, ки Айнӣ дар аввали китоб шеъри Рўдакӣ "Бўи ҷўи Мўлиён"-ро овардааст ва бо ин шеър, чунончи бо ин байт, ки:

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Шоҳ сўят меҳмон ояд ҳаме,-

амир Олимхонро, ки пас аз пирўзии инқилоби соли 1920 ба
Афғонистон гурехта буд, ба Бухоро даъват кардааст. Гўё Айнӣ, ки
захми 75 чўби амир Олимхон дар тахтапушташ ҳанўз сўзиш дошт,
ҳамон амирро ба Бухоро даъват мекардааст! Шарм накарда дар
ҳаққи Айнӣ дар Тошканд ин гапро гуфтанд ва Н. Бухарин, ки он

1 Ҳамон ҷо.
вақт яке аз сарварони шўравӣ буд, онро аз Маскав такрор карда, китоби Айниро як падидаи «шоҳпарастии аксулинқилобӣ» номид1.

пешина
аз 351
навбатӣ