Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зиёда аз ин азбаски мероси адабию илмии гузаштагон чизи зарарнок дониста шуд, китобҳои қадимӣ, осори дастнавис ва чопи сангиро, ки дар дасти мардум хусусан дар Бухорову Самарқанд бисёр буд, гирд оварда нобуд карданд. Шўравиён аз даҳаи бист то охири даҳаи чил - қариб сӣ сол китоб сўзонданд ва ҳар касро, ки саводи кўҳна дорад ё аз хонааш китобе ба хатти арабӣ ёфтаанд, таъқиб карданд ва ба балоҳои бад гирифтор намуданд. Аз ин рў бисёр китобхонаҳои шахсиро худи соҳибони он китобхонаҳо нест карданд.
Ба ин тарз шўравиён мардумро аз гузаштаи худ, аз ҳастии маънавӣ ва саргаҳу сарчашмаҳои он дур мекарданд, аз андўхтаҳои чандин аср, аз ёди таърихӣ маҳрум кардан мехостанд. Лозим буд, ки мардум аз худ, аз оламу одам бехабар бошанд, танҳо имрўзро донанд ва фақат идеологияи шўравиро раҳнамои фардо шуморанд.
Асосан бо ҳамин ният хатро дигар карданд: тоҷикон соли 1929 аз хатти форсӣ ба лотинӣ ва соли 1940 ба кириллики русӣ гузаштанд. Ин корро на танҳо тоҷикон карданд, балки ҳама халқҳои Шарқи шўравӣ ба як фармон ва ҳамзамон иҷро намуданд.
(Дар даҳаи ҳаштоду навад дар Тоҷикистон ҷавононе пайдо шуданд, ки гуфтанд ва ҳанўз мегўянд: хати форсӣ дар Тоҷикистон бо кўшишҳои Садриддини Айнӣ ба лотинӣ гузаронида шуд ва ин ҳам яке аз хиёнатҳои Айнист. Ин даъво асосе надорад ва онро бадхоҳони нифоқандоз, ки байни тоҷикони кўҳистон ва водиҳо ҷудоӣ андохтан мехоҳанд, бофтаанд. Магар дар дигар ҷумҳуриҳои шўравӣ ҳам хати лотиниро Айнӣ ҷорӣ кард?! Не, ба лотинӣ ва кириллик гузаштани ҳама ҷумҳуриҳои Шарқи Шўравӣ (ғайр аз Арманистону Гурҷистон) лозим омад ва Тоҷикистон наметавонист аз ин маҷбурият берун монад. Айнӣ хати лотиниро шахсан қабул надошт ва то охири умр - соли 1954 - ҳама асарҳояшро ба хати форсӣ менавишт, дигарон дастнависи уро ба лотинӣ ва кириллик

мегардониданд.

пешина
аз 351
навбатӣ