Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин бобат аз бойгонии ў бовар ҳосил кардан мумкин аст.) Ҷомеа ба роҳи маънавиятзудоӣ даромада буд, бемаънавиятӣ реша меронд, одамият ва ахлоқу одоб аз байн мерафт.
Дар шароити бемаънавиятӣ ва суст шудани бунёди одамият аз рушду камоли забон, аз забондонии мардум умед нахоҳад монд.
Инқирози забони форсии тоҷикӣ то рафт зиёд мешуд.
Шахсоне ҳам буданд, ки фаъолияташон ба тарбияи маънавии аҳли ҷомеа ва амиқбурди худшиносии миллат хизмат мекард.
Навиштаҳои адабии устод Айнӣ, устод Лоҳутӣ ва баъзе нависандагони дигар чунин хизмат адо намудааст. Аз ҷумла осори Айнӣ қиссаи «Одина», румони «Дохунда» ва румони «Ғуломон»
барои бедории иҷтимоъии мардуми заҳматкаш мусоидат карда, ва пояҳои асосии худшиносии онҳоро аз фаҳмидани шаъни инсонӣ то донистани нируи таърихсозии худ нишон дод. Қалами сеҳрофарини Айнӣ дар ин асарҳо ҳусни сухани тоҷикӣ, оҳанги дилнавоз, қувваю иқтидор ва имконоти ҳайратангези онро падид овард. Ин ҳам хидмате дар роҳи худогоҳии халқи тоҷик буд, зеро ба чашми тоҷикон чигунагии худи онҳоро намоиш дод, аз ҳусни сухани тоҷикӣ ҳусни маънавии онҳоро ба ҷилва овард, дидаҳоро дар дидани зебоӣ, дар дидани ҳусни худ ва миллати худ нуре бахшид ва бо ин ҳусннамоӣ мояи инсонии инсонро тақвият кард.
Обу тоби сухани Айнӣ решаҳои амиқи таърихии миллатро, ки аз аъмоқи ҳаёти маънавии мардум, аз шеъри Рўдакиву Фирдавсӣ ва дигар суханварони даҳ қарн ғизо мегирад, намудор овард.
Аз роҳи намоён кардани ҳусни падидаҳои маънавият мардумро ба сўи шинохти худ бурдан аз душвортарин ва пуртаъсиртарин тарзҳои ҳувиятнамоист, ки устод Айнӣ ба он даст ёфта буд.
Ҳама фаъолияти устод Айнӣ ба худшиносии таърихиву маънавии халқи худ мусоидат мекард, миллати тоҷикро ба худаш ва дигарон мешиносонид, аз моҳияти ҳастии вай ба худаш ва аҳли олам огаҳӣ медод, ҳуқуқи таърихии ўро ба субут расонида, вайро ба роҳи ҳақталабӣ, ба бедориву талош далолат мекард, дигаронро ба эътирофи ҳуқуқи вай водор месохт.

пешина
аз 351
навбатӣ