Хуросон аст ин ҷо

Ин аст, ки акнун вазифаи иҷтимоъии устод Айнӣ хеле дигар шуда буд. Акнун ў на фақат мавҷудияти халқи тоҷиқ, мавҷудияти забони адабии олӣ ва фарҳанги ба худ хоси ўро исбот кардан мехост, балки мехост эълом дорад, ки халқи тоҷик халқи бузургест, ончунон бузург аст, ки на танҳо Рўдякӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш ва монанди инҳо, балки Фирдавсӣ, Хайём, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон низ аз фарзандони ўянд.
Аз ин бинишгоҳ чунин фикри Айнӣ хеле ҷолиб аст: «Худи Саъдӣ на ин ки аз шоири форс-тоҷик будан метарсад, балки «беибо ва нотарсона» худро тоҷик мешуморад, сабаби ин дар ин аст, ки ў дар миёни форс-тоҷик ҳеҷ фарқ намегузорад» ва «дар яке аз тарҷеъбандҳои худ... баъд аз ба маҳбуб «ту маро бо шамшер куштӣ"
гўён хитоб кардан, менависад:
Аз баҳри Худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунанд бар мамолик.
Шояд ки ба подшаҳ бигўянд:
Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё