Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

С. Айнӣ пас аз зикри ин ду байт гуфтааст: «Бино бар ин мо ҳам Саъдиро шоир ва нависандаи тоҷик ва яке аз устодҳои гузаштаи худ мешуморем ва аз вай меомўзем»1.
Чунонки мебинем, гўё мантиқи фикри Айнӣ ин аст миёни форс ва тоҷик ҳеҷ фарқ нест, ҳама эрониён тоҷиканд ва калимаи «тоҷик»
ҳамеша ба тамоми эрониён итлоқ мешуд, тамоми эрониёнро тоҷик меномиданд ва Саъдӣ ҳам худро тоҷик ба шумор овардааст. Пас тоҷикони Осиёи Миёна ба тамоми он адабиёт, ки «адабиёти форсӣ»
номидаем ҳақ доранд, адабиёти форсӣ моли эрониёни кунунӣ ва тоҷикони кунунист.
Чунин гузориши масъала барои худшиносии тоҷикони Осиёи Миёна, барои устувор кардани пояҳои ҳастии онҳо ба ғоят аҳамияти бузург дошт.
Вале эълом доштани ин фикрҳо хавфе дошт. Хавфи он буд, ки Айниро «миллатчӣ» бигўянд, яъне ба ў миллатгароӣ, аз дигар миллатҳо боло гузоштани миллати худ, нописандӣ нисбат ба дигар халқҳои шўравӣ ва ин гуна гуноҳҳо нисбат бидиҳанд. Дар замони шўравӣ миллатпарастӣ гуноҳи азим ба шумор меомад. Аз ин рў Айнӣ тасмим гирифт, ки консипсиюнеро, ки мафҳуми «адабиёти форс-тоҷик» ифода мекунад, дафъаи аввал на худаш, балки ховаршиноси рус И. С. Брагинский баён намояд.
Инак соли 1940 китобе ба номи «Намунаҳои адабиёти тоҷик»
чоп шуд, ки дар сарсухани муфассали он асосҳои илмии мафҳуми «адабиёти форс-тоҷик» эзоҳ ёфтааст. Ин сарсухан бидуни имзо чоп шудааст, вале баъдтар маълум шуд, ки муаллифи он профессор И.
С Брагинский будааст ва худи И. С. Брагинский ба камина муаллифи ин сатрҳо, ки аз шогирдони ў ҳастам, гуфта буд, ки қисми асосии ҳама фикрҳое, ки дар ин сарсухан баён шудаанд, аз ҷумла истилоҳи «адабиёти форс-тоҷиқ» ба Айнӣ тааллуқ дорад.

1 С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. II, қ. 1, саҳ. 128.

пешина
аз 351
навбатӣ