Хуросон аст ин ҷо

Ин аст, ки он ҳақиқат, ки забони тоҷикӣ ҳамон забони форсист, инкор нашудааст ва ҳар гоҳ шароит мусоидат кунад ва ё зарурате пеш ояд, онро таъкидан ёдрас меоварданд.
Гоҳ дар расмият ҳам истилоҳи «забони тоҷикӣ (форсӣ)» ба кор мерафт. Чунончи пас аз соли 1929, ки Тоҷикистон аз ҳайъати Ўзбекистон баромада ҷумҳурии мустақил шуд, бо қарори Шўрои Олии Иттиҳоди Шўравӣ дар моддаи 34-и Қонуни асосии шўравӣ номи забони мардуми тоҷик ба ин ранг зикр гардид: «Маншуру қарордодҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Раёсати он ва Шўрои Комиссарони Халқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ба забонҳое, ки дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар истеъмоли умуманд (ба русӣ, украинӣ, белорусӣ, гурҷӣ, арманӣ, озарӣ ўзбекӣ, туркманӣ ва тоҷикӣ (форсӣ), чоп мешаванд»1.
Ин аст, ки номи забони тоҷикӣ чун забони форсӣ дар расмият ҳам эътироф шуда буд.
Дар айни замон гоҳ аз фарқҳое, ки миёни форсии адабии имрўз ва тоҷикии Осиёи Миёна ҳаст, ёдовар мешуданд. Масалан, А.
Ҳоҷибоев пас аз он чи дар боло аз навиштаи ў нақл кардем, дафъатан илова намудааст: «Забони форсии тоҷикон аз забони ҳозираи Эрон бо тозагии худ фарқ мекунад». Чунонки мебинем, тафовути асосии форсии Эрон ва форсии Осиёи Миёна бо ифтихор таъкид шудааст.
Ин гуна ифтихор аз навиштаҳои дигарон ҳам ба дид меояд. Аз ҷумла устод Айнӣ соли 1928 гуфта буд: «Баъзе касон ҳастанд ки ба сабаби ошно набуданашон забони тоҷикиро, яъне забони авоми тоҷикро забони форсии вайроншуда мепиндоранд». Пас Айнӣ ин пиндорро рад намуда, ба қатъият афзудааст: «Содатарин ва
1 Съезды Советов Союза Советских Социалистических Республик, сборник документов, 1922-1936 гг., т. III. - М., «Юридическая литература», 1960, стр. 196.
софтарини лаҳҷаҳои форсӣ забони тоҷик аст»1.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё