Хуросон аст ин ҷо

Бадеъуззамони Фурўзонфар ва дигарон низ ба ин истилоҳ розӣ шуданд.
7
Аз замоне ки истилоҳи «забони тоҷикӣ» ба расмият ва истеъмоли умум даромад, бисёре аз равшанфикрони тоҷик ҳеҷ фаромўш накардаанд, ки ин забон дар асл ҳамон аст, ки ба номи форсӣ ва форсии дарӣ шўҳрат дорад. Бинобар ин дар аввалҳо ҳар дафъа ки зарур омад, ин маънӣ гўшрас мешуд.
Аз ҷумла дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар бисёр мавридҳо ба кор рафтани истилоҳи «забони форсӣ» нисбат ба забони осори адабии Осиёи Миёна, ҳатто нисбат ба осори садаи XIX ва XX ба фикри мо на аз он сабаб аст, ки чунонки оқои Ҷалоли Матинӣ мепиндорад, Айнӣ «аз сари саҳв» чунин кардааст. Не, ин ҷо сабаб шояд он бошад, ки Айнӣ ба истилоҳи «забони тоҷикӣ» ҳанўз одат накарда буд ва гоҳ беихтиёр «забони форсӣ» мегуфт. Аз сўи дигар шояд ба ҳар ҳол аз истилоҳи «забони форсӣ» даст кашидан намехост ва мекўшид, гоҳ-гоҳ онро гўшгузори хонанда биёварад.
Ин маънӣ гоҳ махсусан таъкид мешуд. Таъкиди махсуси онро гоҳ аз сиёсатмадорон, чунончи аз Абдулқодир Муҳиддинов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев низ мебинем. Раиси Шўрои комиссарони халқӣ, яъне сарвари ҳукумати Тоҷикистон Абураҳим Ҳоҷибоев соли 1930 навишта буд: «Забони асосии тоҷиконе, ки дар ҷумҳурияти шўроии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд ва ҳамчунин дар Осиёи Миёна ва дар мамлакатҳои ҳамсояи мо маскун мебошанд, форсист»1. Айнӣ ҳам дар мақолаҳояш таъбирҳое аз қабили «забони тоҷикӣ - форсии Осиёи Миёна» дорад.
1 А. Ҳоҷибоев. Ҷумҳурияти ҳафтум – Тоҷикистон. Тошканд - Исталинобод, 1930, саҳ. 11.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё