Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳаққонӣ ду мафҳуми «забони форсии тоҷикӣ ва «форсии дарӣ»-ро ҳамрадиф шумориданд ва аз ин рў мебинем, ки аз солҳои сӣ сар карда дар баъзе навиштаҳо «форсӣ-тоҷикӣ» ба ҷои «форсии дарӣ»
ба кор рафтааст. Ба дурустии ин қабулдошт ҷои шубҳа нест.
Ин аст, ки тағйири номи забону адабиёт дар Тоҷикистони солҳои бисти қарни бист ҳаргиз аз инкори аслу насаб ва саргаҳу оғозгоҳҳои миллат ва ё кўшиши ҷудоихоҳиву тафриқаафканӣ набуд, балки агарчи як иқдоми маҷбурӣ буд, бо ҳамаҷониба ба назар гирифтани ҳастии таърихии халқ сурат пазируфт, барои нигаҳдории пайвандҳои таърихӣ заминаи заруриро таъмин кард, боиси халал дидани хусусиятҳои забони форсии Мовароуннаҳр нагардид. Мо бо ин кор худро ба эрониёни дигар минтақаҳо муқобил нагузоштем, балки кўшидем, ки то хадди имкон пайванди хунӣ ва ҳамбастагиҳои худро таъкид намоем.
Таъкиди ин, ки забони тоҷикӣ «софтарини лаҳҷаҳои форсист»
ва аз ин ҷиҳат забони адабии имрўзаи тоҷикӣ бояд аз форсии адабии эронии имрўза тафовут дошта бошад, низ нишонаи бартариҷўӣ ва ҳавобаландӣ ё наҳй задани эрониёни дигар набуд, балки ин ҳам аз як зарурати таърихӣ сар зада буд.
Он зарурати таърихӣ иборат аз ин буд, ки содагиву бетакаллуфиҳои форсии дариро дар тоҷикии имрўз нигоҳ доштан зарур буд. Дар охири солҳои бисти садаи бист дар бораи ин ки имрўз забони адабии тоҷикӣ бояд чи гуна бошад, баҳсе ба вуқўъ пайваст. Он вақт демократӣ шудани забони адабӣ суръат гирифта буд: забони адабӣ сода ва ба тўдаҳову оммаи мардум наздиктар мешуд. Аммо чунонки дар боло аз як гуфтаи устод Айнӣ дидем, шахсоне пайдо шуданд, ки гуфтанд: азбаски забони тоҷикӣ як лаҳҷаи харобшудаи забони форсист, ба сифати забони адабӣ ба кор намеояд ва барои тоҷикон забони адабӣ сохтан даркор аст, балки забони адабии Эрони имрўзро қабул кардан лозим аст. Садриддини Айнӣ бар зидди чунин «забонсозҳо» сахт мубориза сар кард. Вай ақидае пеш ронд, ки ҳамон форсии содаи классикӣ бояд имрўз ҳам забони адабии тоҷикон бошад ва онро ба оммаи мардум боз наздиктар овардан зарур аст, то ки забони адабӣ аз «забони содаи авоми тоҷик» дур наравад.

пешина
аз 351
навбатӣ