Хуросон аст ин ҷо

Ба ин муносибат масъалаи фарқи забони тоҷикӣ ва форсӣ ба миён омад. Айнӣ соли 1928 гуфта буд: «Касе, ки ба адабиёти кўҳна ва нави форсӣ ва тоҷикӣ шиносоӣ дорад, ба хубӣ медонад, ки дар миёни инҳо фарқи асосӣ нест»1. Чунонки мебинем, Айнӣ таъкид мекард, ки байни забони форсӣ ва тоҷикӣ «фарқи асосӣ» набошад ҳам, тафовуте ҳаст ва ба ин сабаб форсии адабии имрўзро барои тоҷикон айнан пазируфтан ва забони адабӣ қарор додан нашояд.
Айнӣ аз ҷумла ба таъкид гуфта буд, ки «забони нашри матбуоти имрўзаи Эрон 60-70 фоиз ба арабиҳои мушкил омезиш ёфтааст» ва номаеро, ки аз Кирмоншоҳ расида дар маҷаллаи тоҷикии «Раҳбари дониш» чоп шуда буд, мисол оварда, забони онро чунин арзёбӣ карда буд: «Ин мактуби 15-сатра ҳамагӣ тахминан 150 калима буда, аз онҳо танҳо 33 калима форсӣ аст, ки бештарини инҳо ҳам монанди «чун, ки, аст» адот ва робита аст».
Устод Айнӣ ба яке аз соҳибони чунин номаҳо аз ҷониби мудири «Раҳбари дониш» ҷавобе навишта «далелҳои лузуми сода кардани забонро» баён намудааст ва аз Эрон ин ҷавобро гирифтааст: «Далоили мазкураи роҷеъ ба тарзи таҳрири маҷаллаи «Раҳбари дониш» мутобиқ бо ақл ва мантиқ аст. Ба тавре ки марқум намудаед, ҷароиди Эрон мавриди истифодаи умумӣ намебошад ва муҳимтарин рўзномаи ин мамлакат шояд мутаҷовиз аз ҳазор хонанда дар байни даҳ милюн нуфус надошта бошад».
Ошкор аст, ки он равшанфикри эронӣ, ки мутаассифона номаш зикр нашудааст, роҳу равиши Айнӣ ва ҳамфикрони ў, аз ҷумла равияи услубии маҷаллаи «Раҳбари дониш»-ро маъқул
1 С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. II, қ. 2, саҳ 350.
донистааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё