Хуросон аст ин ҷо

Аз ин ҷост, ки эҳёи миллии Эрон маҳз дар шарқ фаро расид.
Эрон пас аз истилои араб, баъди ду сад соли хомўшӣ аз шарқ сар бардошт. Ҳамон қувваи азими маънавияти мардуми Хуросону Мовароуннаҳр буд, ки барои бо ифтихори тамом қомат рост кардани Эрони бузург ва фарҳангу илму ҳунари он, барои рўи кор омадани давлати мутамаркизи Сомониён заминаи зарурии иҷтимоъиву сиёсӣ фароҳам кард. Маркази иҷтимоъиву сиёсӣ ва фарҳангиву илмии давлати оли Сомон Бухоро буд. Шояд ба сифати тахтгоҳи Сомониён интихоб шудани Бухоро ба ин ҳам вобастагӣ дошта бошад, ки номи «Бухоро» дар асл аз калимаи «вихар» ба маънои ибодатгоҳ, яъне макони маънавият буда, ҷое бисёрилм, дорулилм, будгоҳи уламову фузало маънидод шудааст. Дар ҳақиқат Бухоро халқро муттаҳид карда, неруҳои эҷодкори миллатро як ҷо марказият дода ва аз ин ҷамъовард он неруҳоро ба маротиб афзунӣ бахшида, ба иҷрои вазифаҳои бузурги таърихӣ сафарбар кард.
Бухоро сарвари эҳёи миллии Эрон буд. Маҳз ин ҷо заминаи иҷтимоъиву сиёсӣ ва маънавии эҳё устувор шуд, дар инкишофи фарҳанги миллӣ барои таъмини пайванди дирўзу парирўз ва фардо таҳкурсии даркорӣ тайёр гардид.
Ватани форсии дарии адабӣ ва меъёр низ Хуросон аст. Форсии дарӣ дар натиҷаи шукуфти тафаккури маънавӣ аз Бухорову Самарқанд, Балху Ҳирот, Марву Нишобур, Хуҷанду Хатлону Бадахшон ба нумў омада, худ барои рушди маънавии ҷомеа замина омода сохт. Лаҳҷаи Балху Бухоро ба покиву софӣ ва зебоӣ шўҳрат дошт1 ва Бухоро хушсалиқатарин намояндагони лаҳҷаҳои гуногунро як ҷо гирд оварда ва дар домани давлатдории худ парварда, муҳимтарин имконоти ҳамаи онҳоро барои ба вуҷуд овардани забони адабӣ ба кор гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё