Хуросон аст ин ҷо

Бухоро зодгоҳи форсии дарии адабӣ ва якумин нумўвгоҳи адабиёти форсии нав шуд.
Ду бузургвор, ки ҳар ду аз Хуросон ва дастпарварди асри оли Сомонанд - яке Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки ақаллан сад ҳазор байт шеъри олӣ гуфта, аз пайомадагон ҳаққан унвони Одамушшуаро ва «соҳибқирони шоирӣ» гирифта буд ва дигаре - Абулқосими Фирдавсӣ, ки дар «Шоҳнома» «Аҷам зинда кард», ба забони порсии дарӣ умри ҷовидон бахш намуданд. Иқтидоре, ки сухани дарӣ аз сеҳри қалами ин ду бузургвор ёфт, решаҳои забони форсиро чунон устувор кард, ки дигар ҳеҷ неруе натавонист онро решакан кунад.
Абуалии Сино, ки низ фарзанди Мовароуннаҳри он замон аст, форсии дариро камолоти тозае бахшида, ба дараҷаи забони илм расонид ва баъд ин дараҷаи он то рафт афзудан гирифт.
Нормаҳои забони форсии адабӣ асосан он гоҳ дар ҳамин сарзамин муайян шудаанд, ҳатто имлои форсии меъёр дар асоси хусусиятҳои форсии дарии Мовароуннаҳру Хуросон таъйин гардида, асрҳои аср дар ҳама қаламрави забони форсӣ талаффузи мардуми ин ноҳия, зеру забар (фатҳаю касра)-ҳое ки ин ҷо мегузоштанд, ба унвони нормаи талаффузи адабии асил қабул шуда буд.
Натиҷаи ин ҳама равандҳои бузурги маънавӣ, натиҷаи як ҳамбуди иҷтимоъиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ буд, ки он гоҳ - дар садаи даҳи мелодӣ халқи тоҷик ташаккул ёфт. Тоҷикон худ як халқи маънавизод ҳастанд, ки бар асари иттиҳоди маънавӣ ва болоравии фарҳангӣ ба арсаи таърих омадаанд. Мардуми тоҷик ба сифати миллате фарзанди эҳёи миллии Эронанд. .
Оре, Мовароуннахру Хуросон чигунагии эҳёи миллии Эронро муайян кард ва рушди баъдии фарҳанги эронӣ аз бисёр ҷиҳатҳо вобаста ба он буд, ки оғозаш дар зодгоҳи эҳё чи гуна шуд. Тоҷикон аз асри 9-10 то асри 13, то истилои муғул дар забону адабиёти форсӣ,
дар фарҳанги Эрон ҳаққи қонунгузорӣ доштаанд ва бисёре аз тамоюлоти асосӣ, ки он вақт дар сарзамини онҳо оғоз ёфта буд, дар давраҳои баъд таҳаввуле аз сар гузаронида ва қувват гирифта, то имрўз нишонаҳои худвежагии умумиэронии моро падид меоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё