Хуросон аст ин ҷо

Агар дар садаи 9-10 эҳёи маънавӣ рўй намедод, чунончи танҳо қудрати сиёсӣ ва иқтисодиву моддӣ аз нав барқарор мешуду бас, аз эқтимол дур нест, ки Эрон монанди Сурия, Миср ва ғайра аз забону фарҳанги худ маҳрум гардида, мағз то мағз арабӣ шуда, имрўз яке аз кишварҳои арабӣ ба шумор меомад, Чун эҳёи Эрон бунёди маънавӣ дошт, Эрон имкон пайдо кард, ки ҳувияти миллии худро комилан нигоҳ дорад ва фарҳанги тозае - фарҳанги маънавии эронии исломӣ ба вуҷуд оварад. Дар асри оли Сомон умри дубораи Эрон оғоз ёфт ва оғозгоҳи он ҳамоно фарҳанги маънавии Хуросон буд. Умри дубораи фарҳанги маънавии Хуросони бузург имрўз дар Бухорову Самарқанд, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон идома дорад.
Маънавият фазилате ато мекунад ва ба дидаҳо биноие мебахшад, ки дар наздику дур ҳар чи диданӣ ва омўхтание бошад, зуд ба мадди назар меояд, мавриди баҳрабардорӣ қарор меёбад.
Тоҷикон ва аҷдоди онҳо низ ба фарҳанги халқҳои атроф сахт алоқамандӣ доштаанд. Онҳо дар пайвандгоҳи шоҳроҳҳои таърих қарор дошта, ҳамаи ин роҳҳоро пиёдаву савора паймуда, ба зисту зиндагии мардумони гуногуннажоду гуногунфарҳанги сари роҳ чашми ибратбин дўхта буданд, онҳоеро, ки аз ин роҳ меомаданд, ҳатто онҳоеро, ки шамшер ба даст омадаанд, бо дикқат меомўхтанд, аз фарҳанги онҳо баҳра мебурданд ва дороиҳои фарҳангии худро афзун мекарданд. Ин омўзиши диққаткорона дар маънавияту фарҳанги тоҷикон, дар урфу одат, илму адабиёт, мусиқиву рақси онҳо, дар забони форсии тоҷикӣ нақши намоён гузоштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё