Хуросон аст ин ҷо

Аз ҷумла аз мусиқии халқӣ ва «Шашмақом»-и классикии тоҷикон ошкор аст, ки ин мардум дар чорраҳаи бузурги таърих истодаанд: аз ин мусиқӣ осори ҳавоҳои мардумони Ҳинд, кишварҳои арабӣ ва турконро метавон пай бурд. Таъсири забонҳои ҳиндӣ, туркӣ ва ғайраро ба форсии тоҷикӣ низ ба осонӣ дидан мумкин аст. Бо қадршиносӣ нигаристан ба дастовардҳои фарҳангии дигарон ва эҷодкорона баҳра бурдан аз дастовардҳои онҳо дар таърихи мардуми тоҷик падидаҳои аҷибе дорад.
Омодагии ҳамешагӣ дар ҳаловат бурдан аз ҳар насими тозаи рўҳбахши фарҳангӣ - аз ҳар сў ки вазад, - гўё аз сифатҳои зотии ин мардум буд. Аз ин ҷост, ки пас аз истилои рус дар андак муддат робитаҳои фарҳангӣ самти наве пайдо кард: аз охирин чоряки садаи нуздаҳ рў ба сўи Русия ва Аврупо овард ва аз он сў падидаҳои як фарҳанги ноошнои ҷолибе расидан гирифт, ки барои дороиафзоии маънавӣ ва пешрафти замонӣ, барои раҳоӣ ёфтан аз маҳдудиятҳо ва дарбастагии иҷтимоъиву фарҳангии қарнҳои охир имконоти муҳим пеш овард.
Дар замони шўравӣ ҳам агарчи идеологияи ҳизб дар роҳи эҷодкорон монеаҳои зиёде гузошта, чашмандози онҳоро танг мекард, имкон шуд, ки фарҳанги тоҷикони Осиёи Миёна аз фарҳанги аврупоӣ, хусусан аз муваффақиятҳои маданияти русӣ баҳра бардорад. Ин ҷо қобили таъкид он аст, ки чун дар паи ибратомўзӣ аз фарҳанги русӣ масалан дар адабиёти тоҷикӣ дигаргуниҳои амиқи жанриву услубӣ пайдо шуда, насри реалистӣ, румон, ҳикояи нави замонӣ, диромнависӣ ривоҷ ёфт, навъҳои тозаи санъат чун театр, опера, балет ва монанди инҳо тараққӣ кард, аксари ин навиҳо дар эҷодиёти устодони забардаст, чунончи дар насри реалистии Садриддини Айнӣ, Ҷалоли Икромӣ ва Сотими Улуғзода дар ҳунарнамоиҳои театрии Муҳаммадҷон Қосимов ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё