Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аслӣ Бурҳонов, дар мусиқии симфонии Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ, Толиби Шаҳидӣ Фирўзи Баҳор ва дигарон рангомезиҳои хоси Шарқро соҳиб гардид ва тобиши миллӣ пайдо кард. Дар айни замон метавон гуфт, ки ҳунари волои баъзе устодони балет, масалан Малика Собирова, Музаффар Бурҳонов ва Фаррух Рўзиматов агарчи рангҳои дурахшони миллӣ надорад, ба ҳар ҳол санъати олист ва вежагиҳои эҷодии мактабҳои машҳури балети русиро бо ҳунари баланде намоиш дод. Ин ҳолро ба як андоза дар мусиқии симфонӣ, опера ва ғайра низ мебинем.
Таҷрибаи иҷтимоъии тоҷикони Осиёи Миёна дар садаи бист нишон дод, ки фарҳанги бостонӣ агарчи ба сабаби умри дароз ва куҳансолӣ ба кўҳнагароӣ майл дорад (ва ин кўҳнагароӣ ҳам аксаран руйдоде мусбат буда, монеъи дур шудан аз бунгоҳи аслӣ меояд), азбаски ба пояҳои устувори маънавият такя кардааст, қобил аст ҳатто навиҳоеро, ки моҳиятан ба тамом дигаранд, низ ба осонӣ бипазирад ва эҷодкорона аз худ кунад. Дар ин сурат масьалаи таносуби анъана ва навоварӣ барои таҳқиқгарони таърихшинос аҳамияти вежа касб мекунад.
Қобилияти баланди баҳра бурдан аз фарҳанги дигар халқҳо нишонаи қувваи азими маънавии халқ аст. Халқе, ки худ маданияти баланде офаридааст ва таҷрибаи кофии фарҳангӣ дорад, бештар қобил аст, ки ба ҳоли дигарон нигоҳи санҷишкори пандомўзӣ бидўзад ва омўзиши ў аз дигарон омўзиши амиқрави эҷодкорона бошад. Албатта дар омўзиш гоҳ-гоҳ ба хусус дар аввали кор аз тақлид ва вомгирии айнӣ гузир нест, Вале фарҳанги мардум ҳар чи баландтар аст, ҷанбаи офаринандагии омўзиш пурзўртар хоҳад буд ва унсурҳои омада дар заминаи фарҳанги вомгир ба тарзи табиӣ ҳазм шуда, неруи халлоқаи онро афзоиш хоҳанд дод. Муносибати мардуми тоҷик ба фарҳанги халқҳои дигар аксаран хусусияти офаринандагӣ доштааст ва нақши анъанаҳои устувори маънавияти бостонӣ аз робитаҳои фарҳангии ин мардум ҳамеша ба дид меомадааст.

пешина
аз 351
навбатӣ